Мухолифати дубораи Трамп бо бастани зиндони Гуантанамо
(last modified 2017-01-04T13:26:56+00:00 )
Январ 04, 2017 18:26 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубораи Трамп бо бастани зиндони Гуантанамо

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бори дигар бо баста шудани зиндони Гуантанамо ва ё ҳар гуна интиқоли зиндонёни он ба кишварҳои дигар мухолифат кард.

Ба гузориши Пресс-тв, Доналд Трамп сешанбе дар мухолифат бо баста шудани зиндони низомии Амрико дар хоки Куба (Гуантанамо) гуфт: Давлати Амрико бояд аз озодии дигар зиндонён худдорӣ кунад, то монеи сар задани ҷиноятҳои бештар шавад.

Доналд Трамп дар муборизаҳои интихоботии худ низ борҳо таъкид карда буд, зиндони Гуантанаморо натанҳо нахоҳад баст, балки онро аз зиндониёни бештаре пур хоҳад кард.

Гуантанамо асроромезтарин ва дар айни ҳол ҷанҷолбарангезтарин зиндоне аст, ки давлати Амрико пас аз ҳамла ба Ироқ ва Афғонистон дар хоки Куба сохт то гумонбарон ба терроризм ва омилони ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябри 2001-ро дар онҷо нигаҳдорӣ кунад.

Барак Обама - раиси ҷумҳурии Амрико дар оғози фаъолияти худ дар Кохи Сафед мутааҳҳид шуд Гуантанаморо дар сад рӯзи нахусти давраи раёсати ҷумҳуриаш бибандад, аммо хеле зуд эътироф кард, масъала печидатар аз чизе аст, ки ӯ тасаввур мекард ва наметавонд ба қавли худ амал кунад.

Афви байналмилал эълом кардааст, парвандҳое ки дар додгоҳҳои вижаи Гуантанамо мавриди баррасӣ қарор мегирад, аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ, беэътибор аст.

 

Барчасп