Август 01, 2016 18:32 Asia/Dushanbe
  • Шарти идомаи ҳамкории Туркия бо Иттиҳоди Аврупо

Давлати Анкара барои идомаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои ин иттиҳод шарт таъйин кардааст. Дар ҳамин иртибот Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Туркия ба Иттиҳоди Аврупо шарти идомаи ҳамкории Анкара бо ин иттиҳод аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА ба нақл аз "Ройтерз", Човушуғлу хотирнишон кардааст, дар сурате ки Иттиҳоди Урупо ба шаҳрвандони Туркия иҷозаи сафари бидуни раводид надиҳад, Анкара ба ночор аз тавофуқи ба амаломада бо ин иттиҳод дар иртибот ба ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба Иттиҳоди Урупо сарфи назар хоҳад кард. Ин дипломати турк дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Франкфуртер алгемайне"-и Олмон  гуфтааст, тавофуқномаи ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо ба хотири иқдомҳои бисёри ҷиддии иттихозшуда аз сӯйи Анкара эътибор дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар маҳдудияти раводид бартараф нашавад, Анкара маҷбур хоҳад шуд, аз тавофуқномаи контроли муҳоҷирон ва тавофуқномаи 18-уми март хориҷ шавад. Човушуғлу таъкид кард, Анкара мунтазири таърихи дақиқе барои озодсозӣ раводид аст, ки ин кор мумкин аст, дар аввал ё миёнаи октябр анҷом шавад, аммо  ба ҳар ҳол, Туркия мунтазири таърихи дақиқе дар ин замина аст.

Гюнтер Эттингер, кумиссари Иттиҳоди Урупо чанде пеш гуфта буд, бо таваҷҷуҳ ба саркӯбие, ки Анкара пас аз кудатои нофарҷоми низомӣ дар ин кишвар анҷом дод, баъид аст, Иттиҳоди Урупо дар соли ҷорӣ ба шаҳрвандони Туркия иҷозаи сафари бидуни раводид ба ин иттиҳодро бидиҳад.

Ногуфта намонад, ки тибқи тавофуқномаи 18-уми марти соли ҷорӣ миёни Туркия ва Иттиҳоди Урупо, муқаррар шудааст, сар аз 20 март ҳамаи муҳоҷироне, ки ба сурати ғайриқонунӣ аз Туркия вориди Юнон мешаванд, ба Туркия бозгардонда шаванд. Илова бар ин ки мавзӯоте, назири лағви маҳдудият дар заминаи судури раводид барои шаҳрвандони Туркияи ҷиҳати сафар ба Урупо  муқаррар шуда буд, Иттиҳоди Урупо шаш миллиард евро кӯмаки молӣ дар ихтиёри давлати Анкара бояд қарор медод ва суръати музокироти пайвастани Туркия ба ин Иттиҳод шитоби бештаре мегирифт.

Пеш аз ин мақомҳои давлати Анкара эълом карда буданд, ки Иттиҳоди Урупо дар заминаи тавофуқномаҳои дуҷониба кам кор карда ва муқаррароти тавофуқҳои дутарафаро ба пуррагӣ иҷро намекунад. Ваъдаи кӯмаки молии Иттиҳоди Урупо ба Туркия яке аз он тавофуқҳое аст, ки то кунун марҳалаи аввали он шурӯъ нашудааст.  Дар айни ҳол метавон гуфт, ки  дар пайи анҷоми кудатои нофарҷом дар Туркия ихтилофҳои ду тараф ҳар рӯз беш аз пеш ташдид мешавад.  Ба унвони мисол, вазири умури хориҷии Туркия ду рӯз пеш аз эҳтимоли баргузор шудани ҳамапурсӣ барои азсаргирии муҷозоти эъдом дар кишвар хабар додааст.

Ба гузориши ИРНА, Човушуғлу бо иддаои дархостҳои мукаррари мардуми Туркия аз ҳизби ҳоким ба манзури азсаргирии муҷозоти эъдом барои кудаточиён эълом кард, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки мавзӯи иҷрои ҳукми эъдом дар Туркия ба далели ҷиддӣ будани он аз тариқи як ҳамапурсӣ бори дигар матраҳ шавад. Човушуғлу ҳар гуна интиқоди Иттиҳоди Урупоро дар бораи азсаргирии муҷозоти эъдом дар Туркия рад ва таъкид кард, Иттиҳоди Урупо ҳаққи дахолат дар умури дохилии Туркияро надорад. Пештар Иттиҳоди Урупо ҳушдор дода буд, ки дар сурати азсаргирии муҷозоти эъдом дар Туркия  раванди музокирот бо давлати Анкара барои пайвастан ба Иттиҳоди Урупо поён хоҳад ёфт.

Туркияи муҷозоти эъдомро дар соли 2004 канор гузошт,  аммо пас аз вуқӯи кудатои нофарҷом Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба ҷамъияти ҳаводорони худ, ки хостори азсаргирии ҳукми эъдом барои авомили кудато буданд, эълом кард, ин дархости онҳо мумкин аст, дар парлумон баррасӣ шавад.