Ҳамлаи мусаллаҳона дар Истамбул
Январ 05, 2017 09:02 Asia/Dushanbe
Тирандозӣ дар ресторане дар шаҳри Истамбул ду захмӣ бар ҷо гузошт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи “СНН Турк” гузориш дод, ин тирандозӣ дар яке аз ресторанҳои маҳаллаи «Белат» шаҳри Истамбул рӯй дод ва бар асари он, ду нафар захмӣ шуданд, ки ҳоли яке аз онҳо вахим гузориш шудааст.
Ин ҳамла дар идомаи ноамниҳои Истамбул беш аз ҳар замони дигаре мақомоти сиёсӣ ва амнияти Туркияро нигарон кардааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ин ҳамла вокуниши ба изҳороти ахири Эрдуғон дар Анкара будааст, ки вазифаи худро ҳифзи ҳуқуқ ва муҳофизат аз ҳамаи шаҳрвандон ва сокинони Туркия эълом карда буд.