Душанбе , аввали моҳи мубораки Рамазон дар чанд кишвари исломӣ
(last modified Mon, 11 Mar 2024 04:44:11 GMT )
Март 11, 2024 09:44 Asia/Dushanbe
  • Душанбе , аввали моҳи мубораки Рамазон дар чанд кишвари исломӣ
    Душанбе , аввали моҳи мубораки Рамазон дар чанд кишвари исломӣ

Теъдоде аз кишварҳои исломӣ душанберо нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом карданд .

Мусулмонони ҷаҳон барои ризои парвардгори хеш , бо оғози моҳи мубораки Рамазон ба муддати як моҳ рӯзадорӣ мекунанд ва аз азони субҳ то мағриб ( замоне дар ҳудӯди тулӯъ то ғуруби офтоб ) , аз хӯрдан ва ошомидан парҳез мекунанд .

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Олам , Арабистони Саъудӣ , Қатар , Иморот , Сурия , Лубнон , Фаластин , Туркия ва  девони аҳли суннати Ироқ имрӯз душанбеи 11 марти 2024-ро аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом карданд .Ҷумҳурии Исломии Эрон, Уммон , Австралия , Сингапур , Инданезия , Малайзия , Бруней низ сешанберо аввалин рӯзи моҳи Рамазон эълом карданд .