Латукӯби марди шабеҳ ба террорист - омили ҳамла дар Истанбул
Январ 05, 2017 20:49 Asia/Dushanbe
Сокини Истамбул, як марди туркманистониеро, ки бо омили ҳамла ба клуби шабона дар ин шаҳр монанд будааст, саҳван латукӯб намуданд.
Ба гузориши “Асри Эрон”, пас аз боздошти ин мард маълум шудааст, ин фард, ки номи ӯ М. К. эълом шуда, танҳо ба далели шабоҳат доштан бо омили таҳти пайгард қарордоштаи ҳамлаи террористии ахири Истанбул латукӯб шудааст. Дар ҳамин ҳол, таҳқиқоти пулис мушаххас намудааст, ки муддати қонуниии иқомати ӯ дар Туркия ба итмом расидааст. Барои ҳамин ин шаҳрванди Туркманистон ба воҳиди вижаи пулиси Истанбул мунтақил шуда, интизор меравад, аз ин кишвар ихроҷ шавад.
Барчасп