Путин омилони ҳамлаи террористии Маскавро ба «муҷозоти сахт» таҳдид кард
(last modified Sun, 24 Mar 2024 05:34:18 GMT )
Март 24, 2024 10:34 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳурии Русия дар вокуниш ба ҳамлаи террористии хунбор дар атрофи шаҳри Маскав бо эъломи як рӯзи азои умумӣ, таҳдид кард, омилони ин ҳамла “муҷозоти сахт” хоҳанд шуд.

Террористҳо ҷумъашаб ба муҷтамаи тиҷории Крокус Сити Холл дар атрофи шаҳри Маскав, ҳамла карданд.

Шумори талафоти ин ҳодисаи террористӣ ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва Маргарита Симоньян, сардабири шабакаи хабарии Rashatudi TV эълом кард, шумори куштагони ҳамлаи террористӣ дар Маскав ба 143 нафар расидааст ва беш аз 100 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ин ҳамлаи террористӣ вокунишу маҳкумияти густардаи ҷаҳониро ба дунбол доштааст.

Дар ҳамин росто ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Владимир Путин дар нахустин вокуниш ба ин ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл зимни ибрози таслият ба хонаводаи кушташудагони ин ҳодисаи террористӣ, якшанбе (24 март)-ро азои умумӣ эълом кард ва гуфт, иттифоқе, ки дар Крокус афтод як ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна буд.

Вай ба мардуми ин кишвар итминон дод, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ, ҳамаи террористҳо ва ҳамдастони ононро шиносоӣ ва тавассути дастгоҳи қазоӣ муҷозот хоҳанд кард.

Путин таҳдид кард, ҳамаи касонеро, ки дар пушти ин ҳамла буда, барои он барномарезӣ ва иҷрояш кардаанд, шиносоӣ ва одилона, аммо сахт муҷозот хоҳем кард. Русия борҳо сахттарин озмоишҳоро пушти сар гузошта ва ин бор низ чунин хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин хотирнишон кард, ҳеҷ касе нахоҳад тавонист ваҳдату қудрати миллати Русияро мутазалзил кунад ва базри ихтилофро дар ҷомеъаи чандқавмии Русия бикорад. Масаълаи аслӣ ин аст, ки акнун иҷозаи иртикоби ҷинояти ҷадид ба касоне, ки пушти ин ҳамла террористӣ будаанд, дода нашавад.