Эрониёи муқими Русия ёдбуди ҷонбохтгони ҳодисаи террористии Крокусро гиромӣ доштанд
Март 26, 2024 17:39 Asia/Dushanbe
Ҷамъе аз мусулмонони Русия бо ҳузур дар макони ёдбуде, ки ба сурати худҷуш тавассути шаҳрвандон барои гиромидошти ёди ҷонбохтгони ҳамлаи террористии толори шаҳри Крокус дар муқобили ин толор эҷод шуда, бо эҳдои гул, ёди ин қурбониёнро гиромӣ доштанд.
Ба гузориши ИРНА, Фомил Ҷаъфаров, раиси Созмони динии шиъёни Русия душанбе пас аз ҳузур дар ин оини ҳамла ба толори Крокусро иқдоме ғайриинсонӣ, бераҳмона ва террористӣ номид ва гуфт, мо ба инҷо омадем то бо хонаводаҳои ҷонбохтгони ин ҳодиса ва бо ҳамаи русҳо, бародарону хоҳарони ҳамватани худ ибрози ҳамдардӣ кунем.
Ҷаъфаров афзуд, ин ҳамлаи террористӣ, дард ва трагедии муштараки мо дар Русия аст, зарбае, ки бепосух нахоҳад монд.
Барчасп