Эрониёи муқими Русия ёдбуди ҷонбохтгони ҳодисаи террористии Крокусро гиромӣ доштанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i113024-Эрониёи_муқими_Русия_ёдбуди_ҷонбохтгони_ҳодисаи_террористии_Крокусро_гиромӣ_доштанд
Ҷамъе аз мусулмонони Русия бо ҳузур дар макони ёдбуде, ки ба сурати худҷуш тавассути шаҳрвандон барои гиромидошти ёди ҷонбохтгони ҳамлаи террористии толори шаҳри Крокус дар муқобили ин толор эҷод шуда, бо эҳдои гул, ёди ин қурбониёнро гиромӣ доштанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 26, 2024 17:39 Asia/Dushanbe
  • Эрониёи муқими Русия ёдбуди ҷонбохтгони ҳодисаи террористии Крокусро гиромӣ доштанд

Ҷамъе аз мусулмонони Русия бо ҳузур дар макони ёдбуде, ки ба сурати худҷуш тавассути шаҳрвандон барои гиромидошти ёди ҷонбохтгони ҳамлаи террористии толори шаҳри Крокус дар муқобили ин толор эҷод шуда, бо эҳдои гул, ёди ин қурбониёнро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши ИРНА, Фомил Ҷаъфаров, раиси Созмони динии шиъёни Русия душанбе пас аз ҳузур дар ин оини ҳамла ба толори Крокусро иқдоме ғайриинсонӣ, бераҳмона ва террористӣ номид ва гуфт, мо ба инҷо омадем то бо хонаводаҳои ҷонбохтгони ин ҳодиса ва бо ҳамаи русҳо, бародарону хоҳарони ҳамватани худ ибрози ҳамдардӣ кунем.

Ҷаъфаров афзуд, ин ҳамлаи террористӣ, дард ва трагедии муштараки мо дар Русия аст, зарбае, ки бепосух нахоҳад монд.