Март 27, 2024 17:06 Asia/Dushanbe
  • Иёлатҳои мухталифи Амрико саҳнаи баргузории тазоҳурот зидди давлати Ҷо Байден будааст
    Иёлатҳои мухталифи Амрико саҳнаи баргузории тазоҳурот зидди давлати Ҷо Байден будааст

Ҳомиёни Фаластин дар иёлати Каролинаи Шимолӣ монеи суханронии интихоботии раиси ҷумҳурии Амрико дар ин иёлат шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), дар суханронии интихоботии рӯзи чаҳоршанбеи Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар шаҳри Ралейи иёлати Каролинаи Шимолӣ, ҳомиёни Фаластин шиорҳое дар эътироз ба ҳимоятҳои давлати Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ сар дода ва Байденро ҳамдаст дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ хонданд.

 

Аз оғози даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри соли гузашта, иёлатҳои мухталифи Амрико саҳнаи баргузории тазоҳурот зидди давлати Ҷо Байден будааст.

 

Барчасп