Қадрдонии Эрон аз Неруи дарёии Покистон
(last modified Fri, 29 Mar 2024 13:22:44 GMT )
Март 29, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Эрон аз Неруи дарёии Покистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз Неруи дарёии Покистон барои наҷоти ҳашт моҳигири эронӣ қадрдонӣ кард.

Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: Иқдоми инсондӯстонаву бамавқеи Неруи дарёии кишвари ҳамсояву бародари Покистон дар имдоду наҷоти ҳашт моҳигири сониҳадидаи эронӣ дар обҳои байналмилалӣ қобили қадрдонӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, пайвандҳои дӯстӣ миёни ду миллати Эрону Покистон фаротар аз марзҳои сарзаминӣ аст.

Неруи дарёии Покистон рӯзи душанбе эълом кард, нови ҷангии “Пи Эн Эс Ярмук”-и Неруи дарёии Покистон ҳашт моҳигири эрониро, ки қоиқи онҳо дучори оташсӯзӣ шуда буд, дар обҳои озод наҷот дод.