Иҷтимои бузурги “шаби ҳамбастагӣ бо Фаластин” дар Покистон+видео
Иҷтимои бузург ва бо шукӯҳи “шаби ҳамбастагӣ бо Фаластин”, ҳаводорони фаластиниён бо ҳузури ақшори мухталифи мардум дар шаҳри Карочии маркази Иёлати Синд, ҷануби Покистон баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, ҳазорон нафар аз ҳаводорони Фаластину Борикаи Ғазза бо ширкат дар иҷтимои бузурги “шаби ҳамбастагӣ бо Фаластин” дар шаҳри Карочӣ бар ҳимояти худ аз озодии Фаластину таҷдиди мисоқ бо шуҳадои Борикаи Ғазза, таъкид ва зимни маҳкӯмияти ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистӣ зидди фаластиниён бавижа дар Борикаи Ғазза, аз набарди гуруҳҳои муқовимат зидди ишғолгарии режими номашрӯъи саҳюнистӣ ҳимоят карданд.
Ширкаткунандагон дар иҷтимои бузурги “шаби ҳамбастагӣ бо Фаластин” ҳамчунин барқарории фаврии оташбаси доимӣ дар Борикаи Ғазза, поёни муҳосира ва гушоиши каридорҳои башардӯстона барои наҷоти ғайринизомиёнро хостор шуданд.
Ҷиноёти режими наслукаши саҳюнистӣ дар ҳаққи фаластиниён, вокуниши ҷаҳониёнро барангехтааст ва дар гушаву канори ҷаҳон мардум, давлатҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин ба по хостаанд.