Тасвиби мамнуияти содироти силоҳ ба режими саҳюнистӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башар
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал мамнуияти содироти силоҳро ба режими саҳюнистӣ тасвиб кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар қатъномае мамнуияти ирсоли силоҳ ба Исроилро бо аксарияти оро тасвиб кард. Ин қатънома бо 28 раъйи мувофиқ дар баробари 6 раъйи мухолиф ва 13 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид.
Ба навиштаи манбаъ, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи ҷумъа бо ишора ба ҳушдорҳои марбӯт ба иртикоби «наслкушӣ» дар ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, хостори таваққуфи фурӯши ҳама гуна таслеҳот ба Исроил шуд.
6 кишвар низ раъйи мухолиф ва 13 кишвар раъйи мумтанеъ доданд.
Ин нахустин бор аст, ки ин ниҳоди олии Созмони милал мавзеъеро дар бораи хунбортарин ҷанг алайҳи Ғазза мегирад.