Вокуниши гурӯҳҳои баҳрайнӣ ба кушта шудани ҷавони мухолиф дар асари шиканҷа
Гурӯҳҳои мухолифи баҳрайнӣ, кушта шудани ҷавони дар банди режими Оли Халифаро гувоҳи ҷиноятҳо ва шиканҷагарии созмонёфтаи ин режим донистанд.
Ба гузориши хабаргузории Associated Press, Вазорати дохилии Баҳрайн рӯзи якшанбе, бо судӯри баёнияе аз ҷон бохтани Ҳасан Ҳоикӣ-зиндонии дар банди режими Оли Халифаи баҳрайнӣ хабар дод, аммо ба иллати марги ин зиндонӣ ишора накард.
Дар ҳамин ҳол ҷараёни ал- Вафои Баҳрайн, кушта шудани Ҳасан Ҳоикро дар зиндони режими Оли Халифа пас аз 1,5 сол таҳаммули шиканҷа ва маҳрӯмият аз ҳуқуқи худ, нишондиҳандаи ҷиноятҳои ин режим алайҳи мухолифон донист ва эълом кард, ҳокимони баҳрайнӣ, афсарони шиканҷаи зиндонҳои ин кишвар ва давлатҳои Амрико ва Инглис ба унвони ҳомиёни амниятӣ ва сиёсии Оли Халифа, масъули кушта шудан ҳастанд.
Ҳамчунин эътилофи ҷавонони "инқилоби 14 феврал"-и Баҳрайн низ дар баёнияе кушта шудани Ҳасан Ҳоикро таслият гуфт ва аз кушта шудани ин ҷавони инқилобӣ дар асари шиканҷаҳои пай дар пайи Оли Халифа, ибрози таассуф кард.
Баҳрайн аз 14 феврали 2011 саҳнаи қиёми мардумии ин кишвар зидди режими Оли Халифа аст.
Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯи кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.