Барканории ҳамаи сафирони Амрико дар рӯзи савгандёдкунии Трамп
Тими интиқоли қудрати Доналд Трамп, бар мабнои барномаи поксозии вазорати хориҷа бо интишори ҳукми расмӣ аз ҳамаи сафирони Амрико хост, дар рӯзи таҳлифи Трамп симматҳои худро тарк кунанд. Тими интиқоли қудрати Доналд Трамп ҳамчунин хостори канорагирии ҳамаи мушовирони сиёсии давлати Обама дар Кохи Сафед ва созмонҳои давлатӣ дар рӯзи савгандёдкунӣ (20 январи 2017) шуд.
Трамп ҳатто қабл аз шуруи кор ба унвони раисҷумҳури Амрико иқдомоти муҳимеро барои эҷоди тағироти асосӣ дар сохтори кунунии давлати Амрико оғоз кардааст. Дар ин чорчуб дастури Трамп барои канор рафтани ҳамаи суфарои Амрико дар кишварҳои хориҷӣ содир шудааст. Бадин тартиб ҳамаи афроде, ки Барак Обама, раисҷумҳури кунунии Амрико ба маъмуриятҳои хориҷӣ гумордааст, бар асоси барнома бояд ба масъулятҳояшон поён диҳанд .
Дар ин замина гуфта шуда, ки мулзам шудани дипломатҳои Амрико дар дигар кишварҳо барои тарки симмати худ дар рӯзи таҳлифи Доналд Трамп, нигарониҳоеро дар бораи хатари холӣ мондани симматҳои ҳассоси дипломатик дар кишварҳои Англия, Канада ва Олмонро то замони тайиди сафирони пешниҳодӣ дар Сенат, ба вуҷуд овардааст. Албатта тағйироти мадди назари Трамп асосан маҳдуд ба барканории мақомоти давлатӣ намешавад. Трамп чанде қабл эълом кард, ки ба маҳзи рӯи кор омадан, ҳатто фаромини иҷрои содира аз сӯи Барак Обама, раисҷумҳури демократи Амрикоро низ лағв хоҳад кард.
Рафторҳои Трамп вокунишҳои мухталиферо дар пай дошта ва Ҷо Байден, муовини Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо барномаи "Соати ахбор"-и шабакаи PBS гуфт: Доналд бузург шав! Алон вақти бузург шудан аст. Ту раисҷумҳур ҳастӣ! Матбуот ҳамеша аз ман мепурсанд, оё дӯст дорам бо Трамп ба мунозира бипардозам ва посухи ман ин буда, ки орзу мекардам, дар мадриса будам ва бо ӯ вориди даргирии физикӣ мешудам. Ин чизест, ки ман орзуяшро дорам!
Дар арсаи дохилӣ авлавияти вай дар се ҳавзаи муҳими иқтисодӣ, беҳдошту дармон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ хоҳад буд. Дар арсаи хориҷӣ ҳам таҷдиди назари дар равобити кунунии байни Амрико ва муттаҳидони аврупоии он ва дар ваҳлаи баъд бозбинӣ ва пайрезии равобити ҷадид бо муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар атроф ва акнофи ҷаҳон бавижа дар шарқи Осиё ва Ховари Миёна мадди назари вай қарор дорад. Дар воқеъ Трамп раисҷумҳуре нест, ки аз даруни "Системаи сиёсии мустақар" дар Амрико Establishment сар бар оварда бошад .
Дар ин миён мизони таъсиргузории мушовирон ва мақомоте, ки дар тими Трамп ҷой хоҳанд гирифт, дар тасмимгириҳои вай низ таъсири басазое дар моҳият ва ҷиҳатгирии онҳо хоҳад дошт. Бо ин ҳол дар як нукта наметавон тардид кард ва он инки Трамп қасд дорад, то сиёсатҳо ва иқдомотеро комилан бар хилофи сиёсати давлати Обама дар ҷанбаҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ сомон диҳад .