Бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар пойтахти Туркия + Гузориш
(last modified Thu, 16 May 2024 06:34:26 GMT )
Май 16, 2024 11:34 Asia/Dushanbe

Ойини бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ , шоири форсигӯи Эрон , ба мизбонии ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Анкара пойтахти Туркия баргузор шуд .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; аз Анкара , Сайидқосими Нозимӣ ройзани фарҳангии Эрон дар Туркия бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи шеъру адаби форсӣ ба вижа Шоҳномаи Фирдавсӣ дар Туркия гуфт : Осори бузургони шеъру адаби форсӣ аз ҷумла Шоҳномаи Фирдавсӣ ба забони маҳаллӣ тарҷума ва борҳо таҷдиди чоп шудааст .

Вай афзӯд : Талош мешавад бо ҳамкории дигар кишварҳои форсизабон монанди Афғонистон ва Тоҷикистон , гомҳои бештарӣ дар ҷиҳати нашри фарҳангу адаби форсӣ бардошта шавад .