Июн 02, 2024 11:40 Asia/Dushanbe
  • Оё Амрико ба Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ иҷозаи рушди равобит бо Чинро медиҳад?
    Оё Амрико ба Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ иҷозаи рушди равобит бо Чинро медиҳад?

Дар солиёни ахир Амрикои Кореяи Шимолиро ҳамчун аждаҳои хатарнок нишон дод ки қасдаш сузондани Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аст ва бо ин ривоятсози тавонист мудурияти амниятӣ ва низомии ин ду кишварро дар кантроли худ бигирид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раҳбарони Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ахиран ба дунболи бозгардондани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин, бузургтарин шарики тиҷории худ, пас аз солҳо тирашудани равобит ҳастанд, аммо музокироти онҳо ҳамчунон таҳти мизони иҷозаи Амрико ба Корея ва Ҷопон аст.

Нишасти се ҷонибаи ахир бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, нахуствазири Ҷопон ва нахусти вазири Ликиёнг, дувумин мақоми олирутба дар Чин, аввалин нишаст дар чаҳорунимсоли гузашта буд.

Гуфтуҳо умдатан бар руй мавзуъотии мутамарказ буд ки метавон заминаҳои муштаракро дар он пайдо кард, монанди ҳифозат аз занҷираҳои тамин, тарвиҷи тиҷорат ва ҳамкори дар мавриди чолишҳои пурҷамъият ва бемориҳои уфунии навзуҳур. Дар мавриди масоили амниятии минтақаӣ монанди Тайван ва Кореяи Шимолӣ низ мавориди матраҳ шуд.

Се кишвари Ҷопон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ тавофуқ карданд ки ҳамкории амалиро ба гунае густариш диҳанд ки мардуми онҳо битавонанд мазоёи онро эҳсос кунанд умуре ки албата ниёзманди касби таклифи Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз Амрико аст.

Дар ин миёни бархе расонаҳои Амрикои тлаош карданд бо барҷастасози ановини чун таҳдиди Чин ва Кореяи Шимолӣ, ҳамчунон як монеъи равони барои тасмимигирони Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ эҷод кунанд.

Барои намуна рузномаи Ню-Йорк таймз дар матлаби бо зикри таҳдиди Кореяи Шимолӣ ва қарор додани ановини чун мушкили демокрасй дар Чин, зуҳури дубораи Моу, буҳрони ниёз ба сармоя дар Чин ва мушкилоти ширкатҳои чинӣ талош кард то ингуна ба мухотаби ҷопонӣ ва кореяӣ илқо кунад ки нафъи равобити Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ бо Чин, барои Чин аст ва дардисараш барои он ду кишвар. Албата равшанаст ки Чин, ниҳоятан Кореияи Шимолиро бозигар дар баробари таҳдидоти артиш Амрико медонад ва на як бозигари мудохилагар дар равобити Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон чаро ки асосан Кореяи Шимолӣ чунин тавонеро надорад.

Дар солиёни ахири Амрико Кореия Шимолиро ҳамчун аждаҳои хатарнок нишон дод ки қасдаш сузондани Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аст ва бо ин ривоятсозӣ тавонист мудирияти амниятӣ ва низомии ин ду кишварро дар кантроли худ бигирид. Аз он су Чин муътақидаст ки мушкил як ихтилоф сиёсӣ аст ва бояд бо забони сиёсӣ ҳал шавад.

Амрико ҳамчунин бо таҳрики Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ, токунун размоишҳои ҳассосияти барангези зидди таҳдидоти фарзии Кореяи Шимолӣ ва Чин ба роҳ андохт ва даромади болои насиби ширкатҳои аслаҳасозӣ амрикоӣ карда аст.

Барчасп