Июн 10, 2024 10:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости Малайзия барои қатъи равобити иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ
    Дархости Малайзия барои қатъи равобити иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ

Малайзия аз аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии ҳашт кишвари дар ҳоли тавсеа ( D8 ) хост , ҳаргуна кумаку ҳамкории иқтисодӣ бо режими наслкӯши Исроилро мутаваққиф кунанд .

Ба гузориши Ирно дар нишасти фавқулодаи вазирони умӯри хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодии ҳашт кишвар дар ҳоли тавсеаи ( D8 ) дар Истонбули Туркия  Datuk Seri Mohamad Hasan вазири умури хориҷаи Малайзия иловабар мавзегирии қавӣ дар бораи Фаластин , се меҳвари ҳимояти ҷамъӣ аз тарҳи оташбаси муассир ва доим дар Ғазза , афзоиши кумакҳои башардӯстона ва итминон аз дастрасии эмин ва бидуни монеъи кумакҳо ба сокинони ин борикаро дар ин нишаст матраҳ кард.

Иҷлоси фавқулода гурӯҳи ҳашт кишвари исломӣ дар ҳоли тавсеаи мавсӯм ба D8 рӯзи шанбе дар Истонбул оғоз ба кор кард .