Июн 12, 2024 12:36 Asia/Dushanbe
  • Усмон Сонко, нахуствазири Сенегал
    Усмон Сонко, нахуствазири Сенегал

Нахуствазири Сенегал ҷиноятҳои режими Исроил дар Ғаззаро маҳкум карда, қудратҳои бузурги ҷаҳонро шарики наслкушии мардуми Фаластин донист.

Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, Усмон Сонко, нахуствазири Сенегал дар маросиме бо дархости як дақиқа сукут ва дуо барои шаҳидони Фаластин афзуд: Онҳое ки худро як давлати бузурги демократӣ муаррифӣ мекунанд ва аз ҳуқуқи башар дифоъ мекунанд, имрӯз бузургтарин шарики наслкушии миллати Фаластин мебошанд.

Усмон Сонко, нахуствазири Сенегал

 

Усмон Сонко аз раиси ҷумҳурии Сенегал хост, кишвараш ба парвандае, ки Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар Додгоҳи Созмони Милал ташкил дода, ҳамроҳ шавад.

 

Барчасп