Июн 18, 2024 10:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши

Ҳамоиши "Имом Хумайнӣ (ра) ва иттиҳоди уммати исломӣ"бо таъкид бар инсиҷоми ҷаҳони Ислом ва табйини дастовардҳои Инқилоби исломии Эрон бо ҳузури раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дар шаҳри Лоҳур баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш бо ҳузури густурдаи шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, динӣ ва илмӣ ба мизбонии муфтӣ Ошиқ Ҳусайн,аз олимони барҷастаи аҳли тасаннуни шаҳри Лоҳур ва раиси мадрасаи Байтулқирон баргузор шуд.

 Баррасӣ ва таҷлил аз нақши барҷастаи Имом Хумайнӣ (ра) дар эҷоди ваҳдат ва инсиҷом миёни мусулмонон ва ҳамчунин таъкид бар аҳамияти ҳамгароии уммати исломӣ дар баробари душманони муштарак аз аҳдофи ин ҳамоиш эълом шуд.

 Суханронон дар ин гирдиҳамоӣ, тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро маҳкум карданд ва вокуниши ҷиддии ҳокимони ҷаҳони Ислом барои дифоъ аз Фаластин ва ҷилавгирӣ аз таҷовузоти Исроилро хостор шуданд.

 Онон ба табйини дастовардҳои Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (ра) пардохта ва нақши ишонро дар тақвияти бедории исломӣ ва мубориза бо истикбори ҷаҳониро муҳим ва таъсиргузор донистанд.

 

Барчасп