Куштори имдодгарон - яъне Исроил хатарноктар аз Олмони фашистӣ
(last modified Wed, 26 Jun 2024 15:40:28 GMT )
Июн 26, 2024 20:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷиноёти Исроил дар Ғазза ваҳшатноктар аз Олмони нозӣ
    Ҷиноёти Исроил дар Ғазза ваҳшатноктар аз Олмони нозӣ

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саҳюнистҳо дар қатли оми кадри дармонӣ ва нерӯҳои имдодгар дар борикаи Ғаззаро маҳкум кард.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал бо интиқоди шадид аз куштори имдодгарони ҳавзаи дармон дар Ғазза тавассути саҳюнистҳо гуфт, куштору боздошти кадри дармонӣ дар Ғазза табаоти бисёр саҳмгине барои сокинини ин борика ба ҳамроҳ дорад.

Ба гузориши “Порс Тудей” аз замони оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 то кунун гузоришҳо ҳокӣ аз кушта шудани дастикам 500 тан аз неруҳои имдодӣ тайи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба ин борика аст.

Бар асоси баёнияи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал, ин куштор дар пасзаминаи ҳамалоти созмонёфтаву ҳадафманди артиши Исроил ба бемористонҳову соири марокизи дармонӣ бо нақзи ошкори қавонини ҷангӣ ва башардӯстона анҷом шудааст.

Охирин ҷиноёт аз ин даст марбут ба субҳи рӯзи сешанбе мешавад, ки режими саҳюнистӣ тайи бомбаборони борикаи Ғазза, Фоди Алводиё, яке аз коркунони Созмони пизишкони бидуни марзро ба шаҳодат расонд.