Мусобиқаи байналмилалии воҳидҳои низомии ҷаҳон дар Русия ва Қазоқистон
Гурӯҳҳои низомии 17 кишвари ҷаҳон дар Русия ва Қазоқистон бо ширкат дар мусобиқаи байналмилалии воҳидҳои низомӣ дар 23 риштаи мухталифе ҳамчун танк, юриш, ҳавобурд, дарёӣ, ғаввосӣ ва набарди кӯҳистонӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии воҳидҳои низомӣ рӯзи гузашта бо ҳузури низомиёни 17 кишвари ҷаҳон, ҳамзамон дар Русия ва Қазоқистон оғоз шудааст.
Ба гузориши ИРНА, дар ин мусобиқот 57 гурӯҳи низомӣ аз 17 кишвар дар 23 риштаи мухталифе ҳамчун танк, юриш, ҳавобурд, дарёӣ, ғаввосӣ ва набарди кӯҳистонӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Афзун бар Русия, Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Венесуэла, Арманистон, Муғулистон, Сербия, Кувайт, Қирғизистон, Ҳинд, Покистон, Беларус, Юнон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Миср, Никарагуа, Ангола ва Зимбабве дар ин рақобатҳо ширкат карда ва барои касби бартарин ҷойгоҳҳо талош мекунанд.
Бахши тӯпхонаии ин мусобиқот низ дар Қазоқистон ва бахши дарёии ин рақобатҳо ҳам дар қолаби Ҷоми дарёҳо дар бандарҳои Новороссийск, баҳри Сиёҳ ва Маҳачқалъаи Доғистон дар канори баҳри Хазар баргузор мешавад.
Аз Эрон воҳидҳои зиреҳии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, муташаккил аз ҳудуди 200 нерӯ аз сипоҳи посдорон, басиҷ, артиш ва нерӯи интизомӣ дар риштаҳои мухталифи ин мусобиқоти низомӣ ширкат доранд.
Ин мусобиқот ба муддати ду ҳафта идома дорад.