Июл 17, 2024 19:41 Asia/Dushanbe
  • Террори номуваффақи Трамп
    Террори номуваффақи Трамп

Порстудей. Террори Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико ва рақиби Ҷо Байден, раисиҷумҳури кунунӣ дар интихоботи пеширӯ, гумоназаниҳои мухталиферо ба роҳ андохтааст.

Дар пайи террори Трамп, полиси махфии Амрико эълом кард, зориб дар тирандозӣ ба сӯи саҳнаи суханронӣ, як нафар аз тамошочиёнро кушта ва ду нафари дигарро ба шиддат маҷрӯҳ кардааст, аммо худ низ тавассути тактирандозҳо кушта шудааст.

Омили ин тирандозӣ ҷавони 20 солае ба номи Томас Меттю Крукс муаррифӣ шуд.

Амрико, ки даҳаҳо аст талош мекунад ба низоми сиёсӣ, қонуни асосӣ ва сохтори қудрати сиёсии худ ба ҷаҳониён фахр фурӯхта ва онро ба унвони улгӯе барои ҷаҳониён дар ростои демократия ва озодӣ арза кунад, акнун дар шароити сахте қарор гирифтааст.

Агарчӣ буҳрони сиёсиву хушунат ба сурати ошкору ниҳон ҳамвора дар ҷомеаи Амрико вуҷуд доштааст, аммо тайи солҳои ахир ин мавзуъ шадидтар ва ошкортар шудааст.

Ҳамлаи тарафдорони Трамп ба сохтмони Конгресси Амрико пас аз баргузории интихоботи 2020-ро бисёре мисдоқи ошкору муосири хушунати сиёсӣ дар ҷомеаи Амрико унвон мекунанд.

Акнун дар соли 2024 ин хушунат ранги ҷиддитару амиқтаре ёфтааст. Ба тавре, ки дар як таҷаммуи интихоботии бузург Трамп террор мешавад.

Бо террори номуваффақи Трамп, ҷанги сиёсӣ дар Амрико боло гирифтааст.

Бисёре аз аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико Ҳизби демократ ва раисиҷумҳури ин кишварро муқассири сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп эълом кардаанд.

Ҳудуди 30 нафар аз аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ мустақиман Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, Ҳизби демократ ё расонаҳои вобаста ба ин ҳизбро ба иллати таҳрики афкори умумӣ барои анҷоми сӯиқасд мавриди сарзаниш қарор додаанд.

Террори Трамп мавҷе аз нигарониҳоро нисбат ба фаварони илтиҳоби сиёсӣ ва ҳамчунин тафриқаи тунди сиёсӣ дар Амрико эҷод кардааст.

 

Барчасп