Тадбирҳои шадиди амниятии Париж дар остонаи олимпиадаи 2024
(last modified Sun, 21 Jul 2024 08:17:05 GMT )
Июл 21, 2024 13:17 Asia/Dushanbe
  • Тадбирҳои шадиди амниятии Париж дар остонаи олимпиадаи 2024

Полиси Фаронса барои ҷилавгирӣ аз харобкориҳои эҳтимолӣ тадбирҳои шадиди амниятиро дар пойтахти ин кишвар эҷод кард. Ба гузориши гурӯҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо, бо наздик шудан ба ифтитоҳи расмии олимпадаи 2024-и Париж, ин шаҳр ба унвони мизбони корвонҳои варзишии 208 кишвари ҷаҳон таҳти тадобири шадиди амнияти қарор гирифт.

Гашти полис бар рӯйи рӯдхонаи Сен, маҳалли баргузории оини ифтитоҳияи бозиҳои олимпӣ, яке аз муҳиммтарин барномаҳои полиси ин кишвар аст, то ҷилави ҳар гуна амалиёти харобкоронаро бигирад.

Истиқрори нируҳои полиси пуртеъдод дар ҳама сатҳи шаҳр ба вежа масирҳои наздик ба деҳкадаи варзишкорон аз дигар тадобири полиси ин кишвар аст, ки ба диққат вуруд ва хурӯҷи ҳама афрод ва худравҳоро зери назар доранд.

 Эҷоди сомонаи гирифтани муҷаввиз барои рафту омад ба манотиқи вежа, ки маконҳои варзишӣ дар он қарор дорад, низ ҷузви дигар барномарезиҳои суратгирифта аст. Бад-ин наҳв, ки афрод бо зикри мушаххасот ва сабаби ҳузурашон дар маҳалли вежа як карта дарёфт мекунанд ва бо ироаи он ба полис вориди маҳдудаи мавриди назар мешаванд.