Канорагирии Байден аз интихоботи раёсатҷумҳурии  Амрико
(last modified Mon, 22 Jul 2024 12:28:06 GMT )
Июл 22, 2024 17:28 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии Байден аз интихоботи раёсатҷумҳурии  Амрико

Саранҷоми Ҷо Байдени 81 сола, раисиҷумҳури демократи Амрико пас аз баҳсҳои бисёр бар сари номзадии ӯ дар интихоботи 5 ноябри 2024 аз рақобатҳои интихоботии раёсатҷумҳурии ин кишвар, канорагирӣ ва аз Камала  Ҳаррис, муовини худ дар давраи раёсатҷумҳурӣ ба унвони номзади Ҳизби демократ ҳимоят кард.

Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис

Як мақоми огоҳи амрикоӣ гуфт, Байден ба таври ногаҳонӣ назари худро дар мавриди идомаи ҳузур дар рақобатҳои интихоботии соли 2024 тағйир дод. Байден то шанбешаб қасд дошта дар ин рақобатҳо боқӣ бимонад, аммо рӯзи якшанбе ва соати 13:45 ба вақти маҳаллӣ ба аъзои аршади тими худ эълом карда, ки аз интихобот канорагирӣ хоҳад кард. Байден бавижа аз Нэнси Пелоси, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон «асабонӣ» буда, ки корзореро барои водор кардани ӯ ба хурӯҷ аз рақобатҳо созмондиҳӣ карда буд.

Акнӯн ки фақат ҳудӯди 100 рӯз ба интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 мондаасту Ҳизби демократ фоқиди номзади ниҳоӣ барои интихобот аст, кор барои демократҳо барои шикасти Трамп бисёр сахт хоҳад буд.