Мамнуияти ҳузури давандаи мусалмони фаронсавӣ дар ифтитоҳияи олимпӣ
Июл 26, 2024 19:16 Asia/Dushanbe
Давандаи мусалмони фаронсавӣ ба иллати ҳиҷоб аз ҳузур дар маросими ифтитоҳияи олимпӣ, ки дар Фаронса баргузор мешавад, манъ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Соункамба Силла, давандаи мусалмони фаронсавӣ дар сафҳаи Инстаграми худ бо интиқод аз ин тасмим навишт: “Ту барои мушорикат дар бозиҳои олимпӣ, ки дар Фаронса - кишвари худ баргузор мешавад, интихоб мешавӣ, аммо наметавонӣ дар ифтитоҳияи он ширкат кунӣ, чаро ки рӯсарӣ бар сари дорӣ!”
Амели Удеа -Кастера, вазири варзиши Фаронса дар остонаи олимпии 2024-и Порис, дар баёнияе мамнуияти варзишкорони зани фаронсавӣ аз пӯшидани ҳиҷобро дар ҷараёни бозиҳо таъйид кардааст!
Барчасп