Буҳрон дар Фаронса; ожири бомбгузорӣ дар Порис ба садо даромад
(last modified Fri, 26 Jul 2024 15:34:59 GMT )
Июл 26, 2024 20:34 Asia/Dushanbe
  • Буҳрон дар Фаронса; ожири бомбгузорӣ дар Порис ба садо даромад

Дар остонаи оғози Бозиҳои олимпии 2024 дар Порис бо буҳронҳои мутааддиди амниятӣ, ҳамчун таҳдиди бомбгузорӣ ва ихтилол дар хутути рейлӣ ҳамроҳ шудааст.

Дар остонаи маросими ифтитоҳияи Бозиҳои олимпии Порис хутути қаторҳои сареъи Фаронса ҳадафи ончӣ «иқдомоти харобкоронаи ҳамоҳанг» хонда шуда қарор гирифтаанд, ки ба гуфтаи ширкати хутути рейлии давлатии Фаронса (SNCF), ин амалиёт боиси эҷоди ихтилол дар хутути сареъи рейлӣ дар шимолу шарқи Фаронса шудааст.

Гузоришҳо аз лағву тағйири масири ҳаракати қаторҳо ҳикоят доранд.

Дар фосила чанд соат монда ба оғози маросими ифтитоҳияи Бозиҳои олимпии 2024 Порис, ду бастаи машкӯк дар истгоҳи қатори шаҳри Порис кашф шудааст.

Соате пеш фурудгоҳи «Базел-Мюлуз»-и Фаронса воқеъ дар марзи ин кишвар бо Швейтсария ва Олмон, ки ба хотири таҳдиди бомбгузорӣ дар рӯзи ифтитоҳияи Бозиҳои олимпии 2024 Порис тахлия шуда буд, фаъолияти худро аз сар гирифт.