Ироаи мадорики равобити пинҳонии Трамп ва Русия ба FBI
Сенатори ҷумҳурихоҳ, асноди муртабит бо робитаи пинҳонии раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бо Русияро дар ихтиёри раиси пулиси федерал - FBI қарор дод.
Ба гузориши рӯзномаи Гордиян, Ҷон Мак Кейн сенатори ҷумҳурихоҳ рӯзи сешанбе асноди муртабит бо робитаи пинҳонии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бо Русияро дар ихтиёри Ҷеймс Коми раиси FBI қарор дод.
Ин мадорик шомили маҷмӯае аз гузоришҳо дар мавриди равобити пинҳонии Трамп ва Маскав аст.
Ин мадорикро як мақоми зиддииттилоотии ғарбӣ, ки ҳамакнун ба унвони як мушовири хусусӣ фаъолият мекунад, ҷамъоварӣ кардааст.
Доналд Трамп, ин гузоришҳоро сохта ва бо аҳдофи муғризонаи сиёсӣ хондааст.
Яке аз мақомоти давлати Амрико, манбаи ин аснод ва мадорикро мувассақ, дақиқ ва ҷомеъ тавсиф кардааст.
Бар асоси гузоришҳои мавҷуд, замони ин аснод ба 20 июн то 20 октябри соли 2016 бозмегарданд.
Мундариҷоти гузориши дигар аз гузоришҳои мавҷуд дар аснод ва мадорики маврид баҳс, ҳокӣ аз дӯстӣ ва наздикии Трамп бо мақомоти Керемл дар 5 соли гузашта бо ҳадафи эҷоди ихтилоф дар байни ҳампаймонони ғарбӣ аст.
Бинобар гузоришҳои мавҷуд, мақомоти FBI ҳамчунон дар ҳоли баррасӣ ва таҳқиқ дар бораи дурустӣ ва эътибори ин мадорик ҳастанд.
Мақомоти Вашингтон Русияро ба ҳамлаи сойберӣ ва таъсир гузоштан бар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико муттаҳам кардаанд, иттиҳоме, ки Маскав борҳо онро рад кардааст.