Июл 30, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Шикасти Трамп дар ҷазби орои рангинпӯстони амрикоӣ

Назарсанҷии ҷадиди шабакаи “Fox News”, расонаи аслии ҷумҳурихоҳон ҳокӣ аз бартарии Камала Ҳарис нисбат ба Трамп дар иёлатҳо муҳим аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, назарсанҷии муассисаи “Angreed” дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз 1743 ширкаткунанда аз пештозии Камала Ҳарис, номзади эҳтимолии Ҳизби демократи Амрико хабар медиҳад.

Назарсанҷии ҷадиди ин шабакаи расонаи аслии ҷумҳурихоҳон ҳокӣ аз бартарии Камала Ҳарис нисбат ба Трамп дар иёлатҳо муҳими Висконсин, Мичиган, Миннесота ва Пенсилвания аст.
Бар ин асос Камала Ҳарис бо касби 44 дарсад оро дар муқобили Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Иёлоти муттаҳида бо 42 дарсад, пирӯзи интихобот хоҳад буд.

 

Барчасп