Август 03, 2024 11:11 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди сиҳати интихоботи Венесуэла; Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла шуд

Бурунмарзӣ-Шӯрои миллии интихоботи Венесуэла бо интишори омори ҷадиде аз натоиҷи интихоботи ин кишвар эълом кард, Николас Мадуро бо касби 52 дарсади оро бор дигар ба раёсатҷумҳурии Венесуэла интихобот шуд.

Ба гузориши ИРНА, Элвис Аморосо, раиси ин шӯро гуфт, ки ҳудуди 97 дарсад аз орои интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи якшанбе дар Венесуэла шумориш шуда Эдмундо Гонсалес ва рақиби Мадуро низ 43 дарсад ороро аз он худ кардааст.

Бо ин ҳол ва дар тадовуми сиёсатҳои мудохилаҷуёнаи Амрико дар умури дохилии кишварҳо Вашингтон ва муттаҳидонаш натоиҷ ин интихоботро рад карда ва муддаӣ шудаанд, ки Гонсалес дар муқобили Мадуро ба пирӯзӣ расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Аргентина, Коста-Рика, Эквадор, Гватемала, Панама, Парагвай, Перу дар баёнияи муштарак «бознигарии комил дар натоиҷи интихобот бо ҳузури нозирони мустақили интихоботи»- ро хостор шуданд.

Венесуэла дар пайи тарҳи ин дархост, ҳафт кишвари АМРИКОИ Лотинро ба «иқдомоти мудохилҳҷуёна» муттаҳам кард ва гуфт, ки дипломатҳояшро аз ин кишварҳо хориҷ мекунад.

Аз сӯи дигар Никарагуа, Русия, Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Куба, Гондурас ва Боливия пирӯзи Мадуроро табрик гуфтанд ва Бразилия ва Мексика эълом карданд, ки то замони интишори ҷузъиёти натоиҷ ва ҷадвали тафкики оро мунтазир мемонанд.

 

Барчасп