Август 05, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Шӯришҳои муҳоҷирситезӣ ва исломситезӣ дар Британия
    Шӯришҳои муҳоҷирситезӣ ва исломситезӣ дар Британия

Чанд шаҳри Британия саҳнаи ошӯбҳои хиёбонӣ ва задухӯрди неруҳои полис бо ҳаводорони гуруҳҳои рости ифротӣ ва мухолифони муҳоҷирону мусулмонон буд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, шӯришҳо дар Британия пас аз интишори иттилооти нодуруст дар мавриди чоқукашӣ дар як меҳмонӣ дар шаҳри Соутпорт, дар шимоли ғарбии Британия оғоз шуд.

Ҳамла бо корд рӯзи душанбеи 29 июл дар шаҳри Соутпорт рух доду мавҷе аз эҳсосоти зиддиисломиро дар саросари Британия ба роҳ андохт ва ҳамчунон дар бархе манотиқу шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла Манчестер, Соутпорт, Сондерланд, Бристол, Нотенгҳом ва Ливерпул идома дорад.

Дар ин ҳамла се духтарбача бо чоқу кушта ва 10 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак захмӣ шуданд.

Мазнуни ин ҳамла як писари 17 сола аст, ки бар асоси иддаоҳои дурӯғини шабакаҳои иҷтимоии муртабит бо рости ифротӣ, як паноҳҷӯ аст, ки бо қойиқ ба Британия расидааст. Дар ҳоле ки полис эълом карда, гумонбари ҳамла дар Британия мутаваллид шудааст.

 

Барчасп