Олимпии фаронсавӣ, пропагандои исроилӣ; сиёсат пушти варзиш/ 4 нукта
Тибқи иттилоот ва тасовири мунташираи шуморӣ аз варзишкорони режими Исроил аз низомиёни ҷинояткори ҷанг дар Ғазза ҳастанд.
Ҳамзамон бо дар ҷараён будани мусобиқоти олимпии тобистонии Порис, тимҳо ва сарбоз - варзишкорони режими Исроил дар ин саҳнаҳои варзишӣ ва бо парчами худ ҳозир шуданд ва ба майдон рафтанд. Ин мусобиқот фаротар аз руйдоди варзишӣ будани фурсате шуд барои як намоиши сиёсӣ тавассути дастгоҳҳои таблиғотии режими Исроил. Онҳо тавонистанд аз ин тариқ ва ба шакле ошкор ҷиноёти ҷангии Исроилро дар арсаи хабарӣ камранг карда ва одӣ ҷилва диҳанд. Дар ин гузориш аз Порс тудей, чанд таноқузу нукта маҳали тааммул аз ҳузури номашруъи Исроил дар олимпӣ баён шудааст:
1 . Олимпӣ фурсате барои куштори бештар
Дар ҳоле, ки Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёми видеоии худ аз кишварҳо хост то дар ростои оташбас олимпии силоҳҳои худро канор бигузоранд, камтар аз 24 соат баъд, неруҳои режими Исроил бо озодии амали ҳамалоти ҳавоӣ ба мадрисае дар наздикии Дайрулбалаҳ дар Ғазза анҷом доданд, ки мунҷар ба кушта шудани ҳаддиақал 30 фаластинӣ ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар шуд. Ин ҷиноятҳо дар тамоми рӯзҳои олимпӣ токунун барқарор будааст ва ҳамзамон бо фурсати пур ҳаёҳуи олимпӣ, режим таҷовузоти худро дар сукути хабарии бештаре ба пеш бурдааст.
2 . Олимпӣ барои пропагандои
Режими Исроил аз варзиш ба унвони абзоре барои пушондани ҷиноёти худ истифода мекунад ва истилоҳои ҷиноёти худро “варзишшуӣ”мекунад. Ин ҳузур ба режими Исроил кумак мекунад то ҷиноёти худро машруъият бахшад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони як қудрати нарм аз он истифода кунад. Ҳузури тими режими Исроил дар олимпии Порис 2024 ҳамчунин як пирӯзии бузурги таблиғотӣ барои Бинямин Натаняҳу унвон мешавад.
3 . Мавриди Русия ва стандартҳои дугонаи IOC
Дар ҳоле, ки IOC, Русияро ба далели ҷанги Украина таҳрим кард, ҳеҷ иқдоми мушобиҳе алайҳи Исроил, ки ба бомбаборони таъсисоти варзишӣ ва куштори теъдоди зиёде аз варзишкорону мураббиён, аз ҷумлаи олимпиҳо, даст зада, анҷом надодааст. Аз он су ҳамалот ба Ғазза мунҷар ба дархостҳои густардае барои таҳрим ё мамнуъияти Исроил аз ширкат дар мусобиқот варзишӣ шуд. Кумитаи байналмилалии олимпии IOC дар вокуниш, масъулиятро аз худ салбу баёнияҳое сатҳӣ содир кард. Томас Бах, раиси IOC, изҳор дошт: “Мо сиёсӣ нестем; мо барои гирдиҳам овардани варзишкорон талош мекунем”.
4 . Рунамоӣ аз сарбоз - варзишкор
Тибқи иттилооту тасовири мунташираи шуморе аз варзишкорони режим аз низомиёни ҷинояткори ҷанг дар Ғазза ҳастанд. Карим Зайдон, хабарнигор дар иин бора навишт: “Дар миёни 88 варзишкори исроилии ширкаткунанда дар олимпии Порис, ҳаддиақал 30 нафар ба таври аланӣ аз ҷанг ва неруҳои дифои Исроил (IDF) ҳимоят кардаанд”.
Бо ин ҳама, ҳузури режими Исроил бо эътирозоти густардае аз суи ҳаводорони зиддиҷангу фаъолони ҳуқуқи башар мувоҷеҳ шудааст. Онҳо муътақиданд, ҷомеъаи байналмилалт таҳти фишори Амрико ва Ғарб дар бархурди ҷиддӣ бо нақзи ҳуқуқи башар тавассути режими Исроил гунг ва нотавон мондааст.
Албатта гуруҳҳои мардумӣ токунун бекор намондаанд ва дар Порис таваҷҷуҳи бештареро ба ҳузури режими Исроил дар олимпӣ ҷалб кардаанд. Граффитҳои ҳимоятӣ аз Фаластин монанди “ зиндабод Фаластин” ва “ озодӣ барои Ғазза” дар саросари шаҳр дида мешавад.