Август 07, 2024 10:26 Asia/Dushanbe
  • Камола Ҳарис, номзади демократҳо дар интихоботи ИМА
    Камола Ҳарис, номзади демократҳо дар интихоботи ИМА

Камола Ҳарис расман номзади Ҳизби демократ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2024-и Амрико шуд.

Ҷо Байден, чиҳилушашумин раисиҷумҳури Амрико пас аз гузашти чанд ҳафта аз аввалин мунозираи интихоботӣ бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, ки дар 27 июн баргузор шуд, бо дархостҳои зиёд аз сӯи аъзои Ҳизби демократ, аз ҷумла аъзои Конгресс, маҷбур ба канорагирӣ аз рақобатҳои интихоботӣ шуд.

Байден саранҷом таслими нигарониҳои демократҳо барои коҳиши шонси пирӯзии ӯ дар муқобили Доналд Трамп шуд ва аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки дар панҷуми ноябри 2024 баргузор хоҳад шуд, канорагирӣ кард.

 

Барчасп