Интиқоди Созмони Милал аз ҳамлаи шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниҳо
(last modified Sat, 17 Aug 2024 07:56:29 GMT )
Август 17, 2024 12:56 Asia/Dushanbe
  •  Интиқоди Созмони Милал аз ҳамлаи шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниҳо

Сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари СММ ҳамлаи шаҳракнишинони исроилӣ ба фаластиниҳои сокини рустои Ҷият дар наздикии шаҳри Қалқилия дар Каронаи бохтариро маҳкум кард.

Беш аз сад шаҳракнишини исроилӣ шомгоҳи панҷшанбе ба ин русто  юриш бурданд ва иқдом ба оташ задани хонаҳо ва худравҳои фаластиниён карданд.

 Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, як фаластинӣ ба зарби гулӯлаи шаҳракнишинони исроилӣ шаҳид ва як нафари дигар низ захмӣ шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ровино Шмдосони-сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари СММ ин ҳамла ва оташ задани хонаҳо ва худравҳои фаластиниёнро «ваҳшатнок» хонд.

 Вай таъкид кард: "Ончи қобили таваҷҷуҳ ва муҳимм аст ин аст, ки ин ҳамла инфиродӣ набуда ва паёмади мустақими сиёсати Исроил дар шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарӣ аст."

 Шмдосони афзуд: "Ба таври куллӣ мо шоҳиди «дар амон мондан аз муҷозот» барои чунин ҳамлаҳое ҳастем."