Август 20, 2024 17:48 Asia/Dushanbe
  • Чаро барои феминистҳои ғарбӣ таҷовуз ба занони фаластинӣ аҳамияте надорад ?
    Чаро барои феминистҳои ғарбӣ таҷовуз ба занони фаластинӣ аҳамияте надорад ?

Порс Тудей - Ҷунбиши феминистӣ аз таҷрибаи гузаштаи худ дарс нагирифтааст . Хушунати мудовиме, ки занону кӯдакони фаластинӣ таҷриба мекунанд ҳамчунон ба таври фоҳишӣ аз сӯи сарони ин ҷунбиш нодида гирифта мешавад . 

Дар даҳ моҳи гузашта , стандартҳои дугона дар ҳамдилӣ бисёре аз феминистҳои ғарбӣ ва созмонҳои феминистӣ ба вижа дар Англия ба вузӯҳи қобил мушоҳида бӯдааст .Ба гузориши Порс Тудей , дар ҳоле ки вокунишҳои сариъ ва бешуморӣ аз сӯии ин феминистҳо дар ҳимоят аз занони Исроилӣ дида мешавад , сукутии нигаронкунанда дар бораи вазъияти вахими занони фаластинӣ вуҷӯд дорад .

Ин чашми пӯшии амдӣ аз осебҳои густардаи ҷинсӣ ва борварие, ки тавассути Исроил ба занони фаластинӣ таҳмил мешавад , ба вижа бо тавваҷуҳ ба инки чунин масоиле бояд дар маркази тавваҷуҳ феминизм бошад , қобили таъаммул аст .

Аз ҳафтуми октябр токунӯн , садҳо зани фаластинӣ дар боздошти Исроил қарор гирифтаанд ва бо рафторҳои ғайри инсонии шомили шиканҷаи ҷинсӣ , зарбу шатм дар ҳолати бараҳна , таҳдид ба таҷовуз ва дар ду мавриди таъӣд шуда , таҷовузи ҷинсӣ мувоҷеҳ шудаанд .

Феминистҳои ғарбӣ чашми худро бастаанд.

Ҳатто агар ду мавриди таҷовузи ҷинсӣ мустанад шуда дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар 19 феврали 2024 нодида гирифта шуда бошад , чигуна ме тавон даҳаҳо таърихи хушунати ҷинсиятии алайҳи занони фаластинӣ тавассути артиши Исроил дар тӯли 76 соли гузаштаро нодида гирифт ? Гузоришҳои мутаъаддиде, ки аз ин хушунатҳо алайҳи занону кӯдакони фаластинӣ пеш аз ҳафтуми октябри мунташир шуда , ба роҳатӣ дар дастрас аст .

Ин гузоришҳо тавассути гуруҳҳои ҳуқуқи башарӣ монанди кумитаи умумии алайҳи шиканҷа дар Исроил , маркази мушовараи ҳуқуқӣ ва  кумакҳои занони мустақар дар Ӯршалим  ( яке аз гузоришҳо марбӯт ба соли 2009 ) ва ҳамчунин гузоришҳои мухталифи Созмони Милал мунташир шудаанд .Ин гузоришҳо ки бар асоси протоколҳои истифода шуда дар ҷаласоти қонунӣ , шикоёти ҳуқуқӣ , мустанадоти вукалои мудофеъ ва шаҳодатҳои боздошт шудагони таҳия шудаанд , хушунати ҷинсӣ , шиканҷа ва соири рафторҳои бераҳмона , ғайриинсонӣ ва таҳқиромези алайҳи фаластиниён дар боздоштҳои Исроилро ба тасвир мекашанд . Агар гуфтумони феминистӣ воқеан ба дунболи пардохтан ба хушунати ҷинсиятӣ дар ҷанг бошад , ҷиноёти ҷории алайҳи занони фаластинӣ бояд дар тамомии мақолоти муртабит барои ҳифзи якпорчагии ин ҳаракат лиҳоз мешуд .

Бо вуҷӯди шавоҳиди фаровон дар даҳ моҳи гузашта , ба шаҳодат расидан 40 ҳазор фаластинӣ , ки нимӣ аз онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд ва гузориши мафқуд шудан беш аз 21 ҳазор кӯдак — ҷунбиши феминистӣ аз таҷрибаи гузаштаи худ дарс нагирифтааст . Хушунати мудовиме, ки занону кӯдакони фаластинӣ таҷриба мекунанд ҳамчунон ба таври фоҳиши нодида гирифта мешавад .Ба таври мушобеҳ , гузориши ахири Созмони Милал дар 12 июни 2024 низ ба назар мерасад ки нодида гирифта шуда ва натавонистааст виҷдонҳоро таҳрик кунад ё вокуниши маънодориро ба ҳамроҳ дошта бошад .

Фарҳанги хушунати ҷинсӣ

Ин хушунати ҷинсӣ ва ҷинсиятӣ ба мардон низ густариш ёфтааст , бо гузоришҳое, ки нишон медиҳад мардони фаластинӣ борҳо тавассути сарбозони исроилӣ дар ҳолати бараҳнагии иҷборӣ ва шиканҷаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд . Танҳо дар ҳафтаи ахир , видиои нигаронкунандае аз таъсисоти зиндон “ садаи тумон “ мунташир шуд ки нишон медиҳад таҷовузи ҷамъӣ ба як фаластинӣ тавассути сарбозони исроилӣ рух додааст. Вузарои тсроилӣ , аз ҷумла  , Bezalel Smotrich ба суръати ифшои видиоро маҳкӯм карданд на муҳтавои онро . Бархе , монанди « Ҳонух Милвиски » аз ҳизби Ликуд , ҳатто таҷовузро тавҷеҳ карданд .

Ва албатта ҳамон тавр ки интизор мерафт , феминистҳои ғарбӣ сукут ихтиёр кардаанд .Ин сукути каркунанда аз сӯи дигари аъзои ҷомеъаи феминистӣ низ ба ҳамон андоза маҳкӯмаст ; нодида гирифтани тасовири ваҳшатнок аз Ғазза дар даҳ моҳи гузашта ба маънии як навъ беинсониятӣ фоҳиш аст .Вақте 70 дарсад аз касоне ки кушта шудаанд занон ва кӯдакон ҳастанд ; вақте занони фаластинӣ барои ёфтан кӯдакони мафқуди худ аз миёни оворҳо ҷустуҷӯ мекунанд ; вақте модароне фарзандони бе ҷони худро дар оғӯш мегиранд ; вақте хонаводаҳо дар урдӯгоҳҳои паноҳндагон дар ҳоле ки хоб ҳастанд дар оташ месӯзанд ; вақте модарони назорагари марги фарзандони худ аз гуруснагӣ ба далели кампини гуруснагӣ Исроил ҳастанд ва вақте кӯдакон барои ғизо дар шароити қаҳтӣ гиря мекунанд , сукути дигар ба маъноӣ “ ҳифзи сиёсати варзӣ “ нест — балки ба маънои хиёнат ба усӯл феминизмаст .

Рӯйдодҳои ахир дар тӯли наслкушии Ғаззаи нокомиҳои ҷунбиши феминистиро барҷаста карда ва сояе аз шарм бар он андохта аст . Дар яке аз маргбортарин ҳафтаҳо дар Ғазза пас аз ҳафтуми октябр , бархе феминистҳо ба ҷои пардохтан ба ин буҳрон , ба зоҳири ҷаззоби нахуствазири Британиа ,Keirи Starmer , пардохтаанд . Оё мо дар як ҷаҳони мавози зиндагӣ мекунем ?

Ин тамаркузи амдӣ бар масоили сатҳӣ ва нодида гирифтани масоили муҳим , нишон аз инҳироф дар ҷунбиш дорад ва нишон медиҳад ки раҳбарони он , касоне ки замоӣи шуҳра буданд , акнӯн гароишҳои зиди фаластинӣ , нажодпарастона ва исломҳаросона доранд .

Аз ин равшантар наметавонад бошад вақте ки бархе аз феминистҳо бо афроде монанди « Tommy Robinson » , як муҷрими маҳкӯм бо идеологияи рости ифротӣ ва тарвиҷи ривоятҳои дуруғин дар бораи мусулмонон , паноҳҷуёну муҳоҷирони ҳамсӯ мешаванд. Барои инки ҷунбиши феминистӣ аз ин ошуфтагӣ фаротар равад , бояд ба вузӯҳ равшан шавад ки ҳеҷ ҷое барои нажодпарастӣ вуҷӯд надорад .

Касоне ки ба усӯли инсонӣ хиёнат мекунанд бояд бо хатаир беаҳамият шудан мувоҷеҳ шаванд . “ Дар як ҷомеъаи нажодпараст , фақат ғайринажодпараст бӯдан кофӣ нест , мо бояд зиддинажодпараст бошем “ .

Барчасп