Январ 12, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Таътили САҲА дар Арманистон, Узбакистон ва Қирғизистон

Расонаҳои Арманистон эълом карданд, дафтарҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Арманистон, Узбакистон ва Қирғизистон баста шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории АПА, расонаҳои Арманистон иллати баста шудани дафтарҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба тавофуқ нарсидани ин созмон бо кишварҳои Арманистон, Узбакистон ва Қирғизистон эълом кардаанд. Вазорати умури хориҷии Арманистон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бузургтарин созмони байналмилалӣ ҷиҳати масоили амниятӣ аст, ки дар заминаи контроли аслиҳа, ҳуқуқи башар, озодии матбуот ва интихоботи озоду мунсифона фаъолият мекунад. Бо он ки ин созмон аврупоӣ аст, шуморе аз кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин, Амрико ва Осиё ҳам дар он узвият доранд.