Январ 13, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Нахустин интиқоди Дидабони ҳуқуқи башар аз давлати Амрико

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар барои нахустин бор раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрикоро ба унвони таҳдиде ҷиддӣ барои ҳуқуқи башари ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, созмони Дидабони ҳуқуқи башар рӯзи панҷшанбе дар гузорише барои нахустин бор дар 27  соли гузашта, аз Амрико ба унвони таҳдид ёд карду афзуд, афзоиши раҳбарони авомфиребе ҳамчун Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ва амсоли вай дар Аврупо, таҳдиде ҷиддӣ барои ҳуқуқи башар ба шумор мераванд.

Дар гузориши Дидабони ҳуқуқи башар аз корзори интихоботии Трамп ба унвони гурӯҳи баҳсбарангезу ҷанҷолӣ ёд шудааст.

Трамп дар тӯли корзори интихоботии худ бо тарҳи масоиле ҳамчун ҳамла ба муҳоҷирон, ҳимоят аз истифода аз шиканҷа бар рӯйи гумонбарҳо ба ҳамкорӣ бо терроризм ва пешгирӣ аз вуруди мусулмонон ба Амрико, ба номзаде ҷанҷолӣ табдил шуд.

 Созмони Дидабони ҳуқуқи башар ҳамчунин Трампро ба нақзи усули аввалияи баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ муттаҳам кард.

 

Барчасп