Намоиши филми эронии "Кӯҳистони бедифоъ" дар Ҷашнвораи байналмиллалии Эстония
Порс Тудей- Филми мустанади эронии "Кӯҳистони бедифоъ" дар Ҷашнвораи байналмиллалии филми табии Эстония ба намоиш дар меояд.
Ҷашнвораи байналмилалии филми табиати Матсалу ( MAFF ) як рӯйдоди солонаи филми табиат аст ки дар Эстония баргузор мешавад . Дар ин Ҷашнвора ки бисту дуюмин давраи онаст , анвоъи мустанадҳои байналмилалии ҷадид дар мавриди ҳаёти ваҳш , ҳифозат аз муҳӣти зист , шеваҳои зиндагии табиат мадор ва эҳтиром ба суннатҳои муртабит бо табиати мардуми бӯмӣ ба намоиш гузошта мешавад . Ба гузориши Порс Тудей , филми мустанади эронӣ “ Кӯҳистон бедифоъ “ ба коргардонӣ ва таҳия кунандагии « Мустафои Гандумкор » бо дигар осори шохиси муҳити зистӣ ва ҳаёти ваҳшӣ аз саросари ҷаҳон аз 26 сентябр то 6 октябр дар ин ҷашнвора ба намоиш дармеояд .Филми мустанади Кӯҳистон бедифоъ , чеҳраи муҳӣти зистии шоирона , аз зиндагӣ ва зисти мардумони кӯҳистони “ Гарин “ Эрон аст .