Таҳлил: Пештозии Олмон дар Аврупо дар ҳимояти ҳамаҷониба аз ҷиноёти саҳюнистҳо
Олаф Шолтс садри аъзами Олмон дар изҳоротӣ дар Бундестаг эълом кард : « Мо ба Исроил таслеҳот таҳвил додаем ва ҳамчунон таслеҳоти бештарӣ ирсол хоҳем кард.»
Садри аъзами Олмон ин суханонро дар вокуниш ба интиқоди аҳзоби мухолиф ба адами ҳимояти лозим аз Исроил матраҳ кард . Дар Аврупо ҳеҷ кишварӣ ба сароҳату шафофияти Олмон аз ҷинояти саҳюнистҳо дар навори Ғазза ва Лубнон ҳимоят накарда ва намекунад . Олаф Шолтс аз ҷумлаи аввалин раҳбарони Аврупо буд ки пас аз амалиёти Тӯфони Алақсо ба Тел-Авив рафт . Садри аъзами Олмон дар дидор бо Нитонёҳу аз таҷовузу ҷиноёти саҳюнистҳо дар навори Ғазза ҳимоят кард .
Ҳимояти Олмон дар тӯли як соли гузашта аз саҳюнистҳо идома дошта ҳатто бо ирсоли таслеҳоти бештар ба сарзаминҳои ишғолӣ дар куштору вайронии Ғазза ва акнӯн Лубнон ба онҳо кумак низ мекунанд . Ҳатто Британия падархондаи режими ҷаълии Исроил низ ҳар аз чандгоҳӣ барои ҳифзи ваҷҳаи инсондӯстонашон хостори оташбас ва таваққуфи ҷанг мешаванд ё Макрони раиси ҷумҳӯри Фаронса барои хотимаи ҷанг аз таълиқи ирсоли таслеҳот ба Фаластини ишғолӣ сухан гуфтааст .
Давлати Олмон дар ҳамин ҳади ҳам кунишгарӣ барои поён додан ба наслкушии фаластиниён ва акнӯн Лубнон надошта ва надорад . Вазири хориҷаи Олмон ба сароҳат аз ҳамла ба Лубнону куштори бирҳмонаҳи мардуми ин кишвари ҳимоят мекунад . Давлати Олмон чӣ аҳзоби чап ва чӣ аҳзоби рости миёнаи худро бахотири ҳодисаи Ҳулулкост мадюни саҳюнистҳо медонанд ва ҳимоят аз Исроил сиёсати абадии онҳо аст.
Онҳо дар иҷрои ин сиёсат чашми худро рӯй нақзи тамоми қавонини байналмилалӣ ва мавозини башардӯстона тавассути саҳюнистҳо бастаанд . Ба изъони мақомоти Созмони Милал ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Ғарб саҳюнистҳо ҳеҷ ҷиноятии набӯда ки дар як соли Гузашта дар Ғазза ва акнӯн Лубнон анҷом надода бошанд . Куштори ҷамъии ҳазорон зану кӯдак аз ҷумлаи онҳо аст . Барои Олмон ин ҷиноёти зидди башарии саҳюнистҳо дар чорчӯби дифоъ аз худ машрӯъ аст . Аммо дифои мардуми Фаластину Лубнон дар баробари таҷовузи саҳюнистҳо иқдоми террористӣ хонда мешавад .
Барои Олмониҳо мафоҳими башардӯстона ба саҳюнистҳо, ки мерасад маъноӣ дигарӣ дорад ва ҷои золиму мазлӯми қурбонӣ ва мутаҷовиз иваз мешавад . Иваз шудани ҷои золиму мазлӯм дар таърифи онҳо аз мафоҳими башардӯстонаро дар вокуниши “ Анналена Бербок “ , вазири умӯри хориҷаи Олмон дар қиболи вокуниши Эрон ба нақзи ҳокимияти Эрон ва мӯшакборони сарзаминҳои ишғолии Фаластини қобил тавваҷуҳаст . Пас аз ҳамалоти мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии режими саҳюнистӣ иддае аз мардуми Олмон ба шодӣ пардохтанд .
Вазири хориҷаи Олмон дар ёддоште ин шодиро мояи шарм донист. Дар нигоҳи вазири хориҷаи Олмон наслкӯшии фаластиниён ва кӯштори ҳазорон зану кӯдаки бедифоъ аз худ ва қобили тавҷеҳ аст аммо шоди аз ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои низомии саҳюнистҳо ва марокизи фармондеҳии наскӯшии фаластиниён шармовар аст. Бозхурди ҷиноёти саҳюнистҳо дар афкори умумии Ғарб дар Олмон низ мутафовит аз аксари кишварҳлои ғарбӣ аст.
Дар аксари кишварҳои ғарӣ пас аз муддати муқовимат дар баробари мухолифат бо эътирозоти зидди саҳюнистии давлатҳои ғарб маҷбур шудан дар баробари эътирозот ба шақовату ҷинояти саҳюнистҳо муқовимат накунанд . Рӯзе нест ки дар як кишвари аврупоӣ ва амрикоӣ тазоҳуроту таҷаммуъи зидди саҳюнистӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин баргузор нашавад . Барои аввалин бор дар тӯли таърих ташкили режими ҷаълии Исроил ҳимоят аз мардуми Фаластин ва нафрат аз саҳюнистҳо ба гуфтумони ҷаҳонӣ табдил шудааст . Аммо давлати Олмон ҳамчунон дар баробари ин мавҷи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва нафрат аз саҳюнистҳои ишғолгари сарзамини Фаластин истодагӣ мекунад . Давлати Олмон ҳануз эътирозот ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза ва Лубнонро бо гази ашковар ва ботум посух медиҳад .