Эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико
(last modified Sat, 26 Oct 2024 07:03:45 GMT )
Октябр 26, 2024 12:03 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико

Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Амрико нишон дод, ҳудӯди як чаҳоруми амрикоиҳо аз эҳтимоли бурузи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар натиҷаи тафриқаҳои сиёсӣ, нигаронӣ доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, натоиҷи Муассисаи назарсанҷии “YouGov” аз миёни 1266 ширкаткунанда нишон дод, ҳудӯди 27 дарсад аз амрикоиҳо аз эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 дар ин кишвар нигарон ҳастанд.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ илова бар ин аз тазодҳои шадид баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҷомеаи Амрико хабар дод ва эълом кард, 84 дарсад аз посухдиҳандагон ба ин назарсанҷӣ бо ин гузора, ки тафриқаҳо дар Иёлоти муттаҳида нисбат ба 10 соли гузашта бештар шуда, мувофиқат кардаанд.

Нигарониҳо дар бораи ифротгароии сиёсӣ ё таҳдид алайҳи демократия ба унвони аслитарин нигаронии раъйдиҳандагони амрикоӣ шинохта шудааст. Дар назарсанҷии “Ройтерз” ва муассисаи “Ipsos”, ки дар авохири феврали 2024 баргузоршуда ҳудӯди 21 дарсад аз ширкаткунандагон изҳор карданд, ифротгароии сиёсӣ ё таҳдид алайҳи демократия бузургтарин мушкили пеши рӯи Амрико аст ва пас аз он иқтисод бо 19 дарсад ва мавзӯи муҳоҷират бо 18 дарсад дар радаҳои баъдии нигарониҳои мардуми Амрико қарор гирифтааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 Амрико, панҷуми ноябр баргузор мешавад.

 

Барчасп