Вокуниши Чин ба иқдоми мутаҷовизонаи режими Исроил алайҳи Эрон
(last modified Tue, 29 Oct 2024 07:00:37 GMT )
Октябр 29, 2024 12:00 Asia/Dushanbe
  • Чин ҳамлаи мутаҷовизонаи режими Исроил зидди Эронро маҳкум кард
    Чин ҳамлаи мутаҷовизонаи режими Исроил зидди Эронро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар вокуниш ба иқдоми мутаҷовизонаи ахири режими Исроил зидди Эрон гуфт: Пекин мухолифи нақзи ҳокимияти миллии кишварҳост.

Режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи шанбе (26 октябр) дар иқдоме танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Эломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон зимни раҳгирӣ, тавонист муқобилаи муваффақ бо ин иқдоми таҷовузкоронаи режими Исроил дошта бошад.

Лин Ҷиён, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ҳамлаи мутаҷовизонаи режими Исроил зидди Эрон дар бомдоди шанбеи гузашта (26 октябр) гуфт: Пекин мухолифи нақзи ҳокимияти миллӣ ва амнияти дигар кишварҳо ва мутавассил шудани мудом ба зӯру шиддати амал аст.

Лин Ҷиён бо баёни ин ки вазъияти феълӣ дар Ғарби Осиё ба шиддат муташанниҷ аст, тасреҳ кард: Ҷомеаи байналмилалӣ, ба вижа қудратҳои бонуфуз дар эҷоди шароити лозим барои коҳиши танишҳои минтақаӣ бояд нақши созандае ифо кунанд.

 

Барчасп