Чаро Олмон ба ҷиноятгарии Исроил ниёз дорад?
(last modified Tue, 12 Nov 2024 10:05:27 GMT )
Ноябр 12, 2024 15:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибдории Олмон аз  ҷанги Исроил нишондиҳандаи нияти Олмон барои оддисозии падидаи наслкушӣ ва нисбӣ кардани ҷиноятҳои фашистии худ дар таърихи муосир аст
    Ҷонибдории Олмон аз ҷанги Исроил нишондиҳандаи нияти Олмон барои оддисозии падидаи наслкушӣ ва нисбӣ кардани ҷиноятҳои фашистии худ дар таърихи муосир аст

Истиқболи давлати Олмон аз наслкушии Исроил дар Ғазза ҳеҷ иртиботе ба эҳсоси гуноҳ дар қиболи Ҳолокост надорад, балки нишондиҳандаи чизи дигаре аст.

Мақомоти олмонӣ медонанд, ки Исроил дар ҳоли иртикоби Ҳолокости дигаре аст, вале онҳо кӯшиш мекунанд онро оддӣ, одилона ва иҷтинобнопазир нишон диханд. Чароии ин амр ниёз ба тааммуқ ва андеша дорад. 

Олмон дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва душманӣ бо мардуми бедифои Фаластин, гӯи сабқатро аз Ҳизби демократи Амрико рабудааст. Аммо суол ин аст, ки иллати ин рафтори давлати Олмон чист ва чаро ин кишвар бо иштиёқ машғули пардохти ҳазинаҳои сагини дифоъ аз режими саҳюнистӣ аст? 

Посух ба ин пурсиш дар бахше аз таърихи Олмон, ки аз қазо торику нафратангез аст, нуҳуфта шуда, аммо бар хилофи тасаввури ғолиб, ҳеч иртиботе ба ҳодисаи Ҳолокост ва талош барои ҷуброни ҷиноёти Олмони нозӣ (фашистӣ) ва итминон аз адами такрори он надорад. 

Воқеияти талх ин аст, ки Олмон ҳаргиз нозизудоӣ нашуд ва ҳеч вақт бо ҳазфи сиёсатҳое, ки мунҷар ба зуҳури Адолф Гитлер шуд, канор наёмад. Бемории олмонӣ бо интишор дар ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дувум, ду бор сулҳу амниятро дар саросари сайёраи Замин ба хатар андохт ва тамаддуни инсониро бо хисороти фаровоне рӯ ба рӯ кард. Қарор буд Олмон пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нозизудоӣ шавад ва Олмон фақат як иёлати кишоварзиву чорводорӣ шавад. Аммо ҷанги сард миёни Амрико ва Шӯравӣ оғоз шуд ва аҳамияти нозизудоиро зери сояи худ андохт. 

Дар байни солҳои 1904 ва 1907 артиши Олмон таҳти фармондеҳии генерал Лотар фон Тротта 80% мардуми ҳерро ва 50% мардуми номоро дар Африқои Ҷанубу Ғарбӣ ба қатл расонданд. Истиқболи давлати Олмон аз наслкушии Исроил дар Ғазза ҳеҷ иртиботе ба эҳсоси гуноҳ дар қиболи Ҳолокост надорад, балки нишондиҳандаи нияти Олмон барои оддисозии падидаи наслкушӣ ва нисбӣ кардани ҷиноятҳои худ дар таърихи муосир аст. 

Ҷиноёти Исроил дар Ғазза ба олмониҳо ин фурсатро медиҳад то ҷиноёти худ дар ҷанги ҷаҳонии аввал ва дувумро сафедшӯӣ (худсафедкунӣ) кунанд. 

Мақомоти Олмон комилан дарк мекунанд, ки Исроил дар ҳоли наслкушӣ аст ва ҷангро бо нияти поксозии қавмӣ ва нобуд кардани мардуми Фаластин оғоз кардааст. Олаф Шултс, нахуствазири Олмон аз бомбаборони беист дар Ғазза ва гуруснагии кӯдакони фаластинӣ огоҳ аст ва ҳатман шунида ки вазири барканоршудаи дифои Исроил Йоав Галант наслкушӣ дар Ғаззаро бо тавсифи "фаластиниҳо ба унвони як мушт ҳайвон" оғоз кардааст. Яъне ҳамон иборате, ки Генрих Гиммлер, фармондеҳи нерӯҳои ҷиноии ЭС - ЭС 4 октябри соли 1943 дар бораи яҳудиён ба кор бурд.