Дархости Индонезия барои ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милал
(last modified Sat, 16 Nov 2024 04:48:06 GMT )
Ноябр 16, 2024 09:48 Asia/Dushanbe
  • Дархости Индонезия барои ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милал

Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Индонезия (dpr ri) аз СММ хост, то узвияти режими саҳюнистӣ дар ин созмонро бекор кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мардон Алӣ Саро, раиси Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Индонезия бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ маншури Созмони Милалро, ки бар сулҳ, эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид дорад, поймол кардааст,гуфт:« Исроилро аз СММ берун кунед, зеро наслкушие, ки тавассути артиши Исроил анҷом мешавад, идома дорад.»

 Алӣ Саро бо ишора ба лузуми мунзавӣ сохтан(дар танҳоӣ қарор додан)и режими саҳюнистӣ, афзуд: Вақти он расидааст, ки Созмони Милал қотеъона амал ва Исроилро ихроҷ кунад.

 Алӣ Саро ҳамчунин аз Созмони Милал хост ба дархостҳои байналмилалӣ аз ҷумла дархосте, ки пас аз нишасти фавқулъодаи муштараки сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар Риёз матраҳ шуд, таваҷҷуҳ кунад ва барои ихроҷи Исроил аз ин созмон иқдом кунад.

 Нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ ва Иттиҳодияи Арабро, ки ҳафтаи гузашта дар Арабистон баргузор шуд, метавон аз ҷумлаи иқдомҳои дипломатии мусбат дар ҳимоят аз Ғазза ва Лубнон унвон кард.

 Ҳадаф аз баргузории ин нишаст гуфтугӯ дар бораи гирифтани як мавзеъи якпорча барои таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва Лубнон эълом шуд. Дар ҳамин росто низ кишварҳои ҳозир дар ин нишаст бо таъкид бар лузуми таъмини ҳуқуқи оворагони Фаластин ва бозгашт ба хоки ин кишвар, тасреҳ карданд: Масъалаи Фаластин монанди тамоми масоили одилонаи миллатҳое аст, ки барои раҳоӣ аз ишғолгарӣ мубориза мекунанд.