Нигоҳе ба иттиҳомзании ҷадиди тройкаи аврупоӣ алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези эронӣ
(last modified Tue, 10 Dec 2024 11:01:02 GMT )
Декабр 10, 2024 16:01 Asia/Dushanbe
  • Фишорҳои сиёсӣ алайҳи Эрон аз сӯи Ғарб ба баҳонаи роҳандозии сентрафугаҳои нав
    Фишорҳои сиёсӣ алайҳи Эрон аз сӯи Ғарб ба баҳонаи роҳандозии сентрафугаҳои нав

Порс-Тудей. Тройкаи аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Британия) рӯзи душанбе дар баёнияе дар вокуниш ба гузориши ахири мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи афзоиши тавлиди ураниуми ғанишуда бо хулуси 60 дарсад дар Эрон, иддаоҳои сиёсӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эронро такрор кард.

Тройкаи аврупоӣ дар баёнияе бидуни ишора ба беамалии худ дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомӣ иддао кард, иқдомоти Эрон, аз ҷумла афзоиши тавлиди ураниуми ғанишуда бо хулуси 60 дарсад, БарҶом-ро беш аз пеш тухолӣ кардааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, се кишвари аврупоӣ дар ин баёния бо ишора ба нишасти Женева иддао карданд, ки ба гуфтугӯ ва рафтори созанда таъкид доранд.

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа дар гузорише барои аъзои Шӯрои ҳукком эълом кард, ки Эрон фароянди газдиҳӣ ба сентрифугаҳои пешрафтаи мавсум ба «Ай Ор 6» дар таъсисоти ҳастаии “Фурду”-ро оғоз кардааст.

Теҳрон пештар дар вокуниш ба қатъномаи ғайрисозандаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, аз роҳандозии сентрифугаҳои ҷадиду пешрафта дар марокизи ҳастаии Эрон хабар дода буд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон ҳам рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, зимни интиқоди шадид аз иқдомоти ғайрисозандаи бархе аъзои Шӯрои ҳукком, ки мунҷар ба ноком мондани талошҳои мудири кул дар сафари ахири вай ба Теҳрон барои пешрафт дар масири ҳалли масоили подмонӣ шуд, таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон тавр, ки дар посухи қотеъ ба ин қабил иқдомот ҳеҷ диранге аз худ нишон надод, ҳамчунон барои ҳамкории созанда бо ожонс дар чорчӯби таърифшудаи фаннӣ омодагӣ ва ирода дорад.

Гросси низ дар ин гуфтугӯ бар азми ожонс барои таомули ҷаддӣ бо Эрон таъкид кард ва изҳор дошт, дар чорчӯби вазоифу ихтиёроти худ бо соири тарафҳо ҳам барои эҷоди фазои муносиб дар ҷиҳати ҳалли масоили мавҷуд ройзаниҳое сурат дода ва хоҳад дод.

Иддаоҳои ҷадиди тройкаи аврупоӣ алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон дар ҳоле матраҳ шуда, ки аврупоиҳо ба амд нақши худ дар нофарҷом мондани БарҶом бо беамалӣ ва адами иҷрои тааҳҳудоте, ки пас аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом дар майи 2018 бар уҳда доштандро нодида гирифта ва сирфан бар иқдомоти вокунишии Эрон тамаркуз карда ва бо бузургнамоии он дар садади тавҷеҳи рафтори кунуниашон, яъне афзоиши фишорҳои сиёсӣ алайҳи Эрон ҳастанд.

Тройкаи аврупоӣ то кунун ба рағми ваъдаҳои зиёде, ки пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дода буд, на фақат осори таҳримҳои якҷонибаи зиддиэрониро хунсо накард, балки дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҷо Байден ба шарики Амрико барои ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон табдил шуд ва ин нишондиҳанда идомаи аҳдшикании аврупоиҳост.

Зимни инки аврупоиҳо, ки акнун бо дурнамои бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед ва азсаргирии корзори фишори ҳаддиаксарӣ мувоҷеҳ ҳастанд, аз ҳоло дар ҷабҳаи воҳиде бо Вашингтон барои ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон қарор гирифтаанд.

Дар ин росто, тройкаи аврупоӣ ба ҳамроҳи Амрико дар нишасти ахири Шӯрои ҳуккоми Ожонси атомӣ қатъномаеро алайҳи Эрон матраҳ ва ба тасвиб расонд.

Бо ин ҳол, нигоҳе ба гузашта нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ гоҳ таслими фишорҳои сиёсии ғарбиҳо нашуда ва дар айни ҳол бар лузуми гуфтугӯ барои ҳаллу фасли масоил таъкид варзидааст.