Машрубот солона чандҳазор амрикоиро мекушад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i118536-Машрубот_солона_чандҳазор_амрикоиро_мекушад
Порс тудей - Ҷарроҳи кулли Иёлоти муттаҳида аз марги солона ҳазорон амрикоӣ ба далели масрафи машрубот хабар дод.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Январ 05, 2025 14:15 Asia/Dushanbe
  • Машрубот солона чандҳазор амрикоиро мекушад?

Порс тудей - Ҷарроҳи кулли Иёлоти муттаҳида аз марги солона ҳазорон амрикоӣ ба далели масрафи машрубот хабар дод.

Вивек Мурти, ҷарроҳи кулли Амрико зимни ҳушдор дар бораи омори такондиҳандаи маргу мири ношӣ аз масрафи машурбот дар ҷомеаи Амрико, гуфт: Машрубот чаҳорумин иллати маргумир дар Амрико аст ва солона ба таври миёнгин беш аз 140 ҳазор нафар дар Амрико ба далоили масрафи машурбот ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба гузориши Порс тудей, пештар Анҷумани саратони Амрико эълом кард, ҳар миқдори масрафи машрубот ҳатто мизони ками он ҳам метавонад мӯҷиби ибтило ба шашнавъ саратон шавад.

Муассисаи миллии сӯи масрафу эътиёд ба машурботи Амрико ҳам дар гузориши такондиҳанда аз ибтилои солиёна 100 ҳазор нафар ба иллати масрафи нушиданиҳои машурубӣ ба саратон хабар дод ва эълом кард, таҷзия ва таҳлили гувоҳиҳои фавт дар солҳои гузашта нишон дод, ки маргу мири ношӣ аз масрафи машурбот дар Амрико ҳудӯди 26 дарсад афзоиш ёфтааст.