Мадуро: Венесуэла ҳамроҳ бо БРИКС ба дунболи ҷаҳони чандқутбӣ аст
(last modified Sun, 12 Jan 2025 14:08:05 GMT )
Январ 12, 2025 19:08 Asia/Dushanbe
  • Мадуро: Венесуэла ҳамроҳ бо БРИКС ба дунболи ҷаҳони чандқутбӣ аст

Порс тудей - Раисиҷумҳури Венесуэла эълом кард, ки яке аз аҳдофи аслии ин кишвар ҳамкорӣ бо гуруҳи БРИКС барои эҷоди як ҷаҳони чундқутбӣ аст.

Николас Мадуро рӯзи ҷумъа дар порлумони Венесуэла барои сеюмин давраи шаш сола ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар савганд ёд кард. Бинобар эъломи шабакаи байналмилалии телевизионии БРИКС (TV BRICS) дар маросими таҳлифи Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла ҳайатҳое аз 125 кишвару созмони байналмилалӣ ширкат доштанд.

Ба гузориши Порс тудей, Николас Мадуро дар порлумони ин кишвар эълом кард, ки яке аз аҳдофи аслии Венесуэла сохту эҷоди ҷаҳони чандқутбӣ ҳамроҳ бо кишварҳои узви БРИКС аст.

Вай дар ин бора гуфт: Лозим аст, ангезае барои шурӯи як ҷаҳони чандқутбӣ ва гунҷондани Венесуэла дар пешоҳанги сиёсати ҷадиди сулҳ, ҳамкорӣ ва тавсеа эҷод шавад. Ҳамроҳ бо БРИКС, Венесуэла дар ҳоли ҳозир бо БРИКС дар ҳоли эҷоди ҷаҳоне ҷадид аст, ҷаҳоне, ки таърихи ҷадидеро пеш хоҳад бурд.