Хариди Гренландия; лоиҳаи ишғолгаронаи ҷумҳурихоҳони Амрико
(last modified Wed, 15 Jan 2025 05:27:56 GMT )
Январ 15, 2025 10:27 Asia/Dushanbe
  • Хариди Гренландия; лоиҳаи ишғолгаронаи ҷумҳурихоҳони Амрико

Порс тудей - Аъзои ҷумҳурихоҳи Маҷлиси Намояндагони Амрико лоиҳае барои судӯри муҷаввизи гуфтугӯ дар бораи хариди ҷазираи Гренландия ироа карданд.

Ба гузориши Порс тудей, ин лоиҳа, ки Andy Ogles ва Diana Harshbarger аз аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико аз тарроҳони аслии он ҳастанд ва бо унвони «қонӯни Гренландияро дубора азимат бубахшед» ироа шуда, миёни қонунгузорони амрикоӣ пахш шудааст. Шабакаи Факс Нюз гузориш дод, ки дар маҷмӯъ 10 намоянда аз тарроҳону ироадиҳандагони ин лоиҳа ҳастанд.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико аз 20 январ, яъне рӯзе, ки савганди раёсатҷумҳурӣ ёд мекунад, бо Дания барои хариди ҷазираи Гренландия вориди музокира шавад.

Трамп эълом кардааст, ки мехоҳад Гренландия бахше аз Амрико шавад. Вай истифода аз неруи низомӣ ва иқтисодӣ барои водор кардани Дания ба манзури вогузор кардани ин ҷазираро рад накардааст.

Гренландия дар қуруни гузашта, таҳти ҳокимияти Дания будааст. Ин ҷазира дар ҳоли ҳозир ба унвони як минтақаи нимахудмухтор таҳти кантроли Дания қарор дорад. Муте Эгеде, нахуствазири Гренландия тайи моҳҳои ахир ҳамзамон бо афзоиши фишорҳои Амрико барои хариди ин ҷазира, талошҳо барои касби истиқлол аз Данияро афзоиш додааст. Вай борҳо таъкид карда, ки ин ҷазира фурӯшӣ нест ва тасмимгирӣ дар бораи ояндаи он ба мардуми Гренландия бастагӣ дорад.

Трамп илова бар инки ба дунболи хариди Гренландия аст, пешниҳоди илҳоқи Канада ба Амрико ва ҳамчунин тасоҳуби канали Панамаро додааст.

Тарҳҳое, ки ба гуфтаи коршиносон бори дигар нигариши воқеии Иёлоти муттаҳида ба дигар кишварҳоро, ки нигоҳе аз боло ба поин ва бар мабнои султагарии ошкор аст дар маърази диди ҷаҳон қарор додааст. Амрико дар қарни 21 низ ба рағми тағйиру таҳаввулоти азим дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамон нигоҳи империалистии қуруни нӯздаҳуму бистуми мелодӣ ба дигар кишварҳоро дошта ва сирфан бар мабонии аҳдофу манофеи худ бидуни ҳеҷгуна таваҷҷӯҳе ба қавонини байналмилалӣ ба хусӯс ҳаққи ҳокимияту тамомияти арзии кишварҳо хоҳони илҳоқи се кишвару минтақаи муҳим, яъне Канада, Гренландия ва Панама ба қаламрави худ шудааст.

Гренландия, хусусан пойгоҳи ҳавоии он ба номи «Pitofic» барои артиши Амрико ва сомонаи ҳушдори пешҳангом дар сомонаи баллистики ин кишвар аҳаммияти роҳбурдӣ дораду наздиктарин масир миёни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ башумор меояд.

Гренландия бо паҳноварии 2,166,086 километри мураббаъ бузургтарин ҷазираи ҷаҳон маҳсӯб мешавад.