Ҳамлаи ДИИШ ба мадрасаи улуми динӣ дар шарқи Афғонистон
(last modified Sun, 15 Jan 2017 15:01:04 GMT )
Январ 15, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ДИИШ ба мадрасаи улуми динӣ дар шарқи Афғонистон

Террористҳои такфирии ДИИШ бо ҳамла ба як мадрасаи улуми динӣ дар вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, 12 нафарро рабуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ субҳи рӯзи якшанбе ба як мадрасаи улуми динӣ дар ноҳия (вулусволи)-и Ҳаски Мина, дар вилояти Нангарҳор ҳамла карданд ва 12 муаллими ин мадрасаро бо худ бурданд, ки то кунун аз сарнавишти онҳо гузорише мунташир нашудааст.

Мақомоти маҳаллии вилояти Нангарҳор эълом карданд, муҳоҷимон пас аз ин ҳамла муваффақ ба фирор шуданд.

Масъулони амниятии вилояти Нангарҳор аз оғози талошҳо барои раҳоии гаравгонҳои рабудашуда хабар доданд.

Ду рӯзи пеш низ террористҳои ДИИШ беш аз 60 хонаро дар ноҳияи Кути вилояти Нангарҳор ба оташ кашиданд.

Ағлаби аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, аз ҷумла дар ноҳияи Кут ҳузур доранд ва ин вилоят ахиран ба паноҳгоҳи ДИИШ-иҳо табдил шудааст.