Август 02, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Мусалмонони Амрико хостори узрхоҳии Трамп шуданд

Шӯрои равобити исломӣ-амрикоӣ, аз номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико хост, ба хотири таҳқир ва тамасхури хонаводаи сарбози мусалмони покистонӣ узрхоҳӣ кунад.

Ба иттилои хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно), Шӯрои равобити исломӣ-амрикоӣ, бузургтарини созмони ҳомии ҳуқуқи мадании мусалмонони Амрико рӯзи душанбе аз Доналд Трамп хост, ба хотири таҳқир ва тамасхури Хазир Хон ва Ғазола Хон, падару модари Ҳумоюн Хон, сарбози кушташудаи покистонитабори нерӯи заминии артиши Амрико узрхоҳӣ кунад.

Ҳумоюн, сарбози покистонитабори нерӯи заминии артиши Амрико соли 2004 дар ҷанги Ироқ кушта шуд.

Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "ABC News" хонаводаи Хонро таҳқир карда буд.

Ӯ ҳамчунин дар мусоҳиба бо Ню-Йорк Таймс, бо ишора ба сукути Ғазола Хон, модари Ҳумоюн Хон, ки дар Маҷмаи миллии демократҳо ва ҳангоми суханронии Хазир Хон канори ҳамсараш истода буд, ба сурати зимнӣ занони мусалмонро заноне саркубшуда, ки маҷоле барои сухан гуфтан надоранд, хонд.

Бо наздик шудан ба замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, адабиёти исломситезона ва ҳамалоти мутаассибона алайҳи мусалмонон дар ин кишвар афзоиши чашмгире доштааст.