Лавров: Амрикоиҳо ба мо дурӯғ гуфтанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12001-Лавров_Амрикоиҳо_ба_мо_дурӯғ_гуфтанд
Вазири хориҷаи Русия гуфт: “Давлати Барак Абама дар бораи ҷудо кардани мухолифони миёнарави сурӣ аз Ҷабҳаи Аннусра ва ДИИШ ба мо дурӯғ гуфтааст”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 17, 2017 12:19 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Амрикоиҳо ба мо дурӯғ гуфтанд

Вазири хориҷаи Русия гуфт: “Давлати Барак Абама дар бораи ҷудо кардани мухолифони миёнарави сурӣ аз Ҷабҳаи Аннусра ва ДИИШ ба мо дурӯғ гуфтааст”.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарие дар Маскав афзуд, давлати кунунии Амрико (давлати Абама) барои ҷилавгирӣ аз ҳамалот ба Ҷабҳаи Аннусра талош мекард.

Вай дар айни ҳол дар бораи рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Амрико таъкид кард: “Доналд Трамп дидгоҳи хос ва мутафовит бо давлати Абама дар бораи масъалаи Сурия дорад. Муҳимтарин масъала барои Трамп мубориза бо терроризм аст ва мо ҳам аз ин мавзеи ӯ истиқбол мекунем”.

 Лавров бо баёни ин ки музокироти Остона нахустин тамос байни мо ва давлати Доналд Трамп хоҳад буд, ибрози умедворӣ кард, давлати ҷадиди Амрико даъвати Русияро барои ҳузур дар музокироти Остона дар бораи Сурия бипазирад.

Вазири хориҷаи Русия афзуд, музокироти Остона барои тасбити оташбас дар Сурия талош хоҳад кард ва ҳаққи мушорикат дар фароянди сиёсӣ дар Сурияро барои мухолифони мусаллаҳ тазмин хоҳад кард.