Сабаби нафрати яҳудиёни саҳюнист аз Неапол чист ?
Май 12, 2025 11:10 Asia/Dushanbe
-
Неапол-намоди муқовимат ва истода дар канори Ғазза
Порстудей - Неапол , калоншаҳри соҳилии Италия ҳамвора намоди муқовимат ва шӯриш алайҳи ситам будааст .
Имрӯз шаҳри “Неапол “ дар хати пеши ҳимоят аз мардуми Фаластин истода ва бо ҷунбишҳои зиддисаҳюнистӣ ва зидди апартеид ҳамбастагӣ нишон медиҳад .
Ба гузориши Порстудей ба нақл аз Сounterpunch , аз қиёми торихии “ Масанило “ дар 1647, ки мунҷар ба ташкили Ҷумҳурии демократии муваққат шуд, то кунун шаҳри Неаполи Италия рӯҳияи озодихоҳӣ дорад . Неапол аз дер боз бо Фаластин пайванди намодин доштааст. Ин шаҳр аз даҳаҳои пеш бо Ноблус ( шаҳри фаластинӣ бо решаи муштарак дар таърихи Рим ) барномаи бародархондагӣ дошта аст. Дар моҳҳои ахир ҳам ин шаҳр маркази тазоҳурот , консертҳо ( монанди « Зиндагӣ барои ғазза » ) , намоишҳои ҳунарӣ ва нишастҳои сиёсии гуногун дар ҳимоят аз Ғазза бӯдааст . Яке аз намодҳои ин пайванд дар шаҳри Неапол , ресторани « Таверна ди Санта Чиара » аст, ки ошкоро аз ҷунбиши BDS ( бойкот , адами сармоягузорӣ ва таҳрими Исроил ) ҳимоят мекунад . Ин ресторан ба унвони « фазойи амн алайҳи апартаеди исроилӣ » шинохта мешавад , аммо ахирани ҳадафи ҳамалоти саҳюнистҳо қарор гирифтааст . Ҳамлаи саҳюнистҳо ба ресторан ва вокуниши ҷомеъаи Неапол Дар 3 маи 2024 як завҷи гардишгари исроилӣ пас аз хурокхӯрӣ дар ин ресторан бо ҳамлаи лафзӣ ба коркунон , аз ҷиноёти Исроил дар Ғазза дифоъ карданд ва соҳиби ресторан , Наюз Мундаро ба « ҳимоят аз тероризм » муттаҳам намуданд . Ин завҷ бидуни иҷоза аз муштариён филмбардорӣ карданд ва видиои таҳрифшударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд, ки мавҷе аз таҳдидҳои нажодпарастона , аз ҷумлаи таҳдид ба вайронсозии ресторан ва хушунати физикӣ ба ҳамроҳ дошт . Ҷомеъаи яҳудёни маҳаллӣ ва мақомоти шаҳрии Неапол ба ҷои ҳимоят аз ресторан бо узрхоҳӣ аз ин завҷи исроилӣ , мавзеъи заъифе гирифтанд, аммо мардуми Неапол сукут накарданд . Дар рӯзи шашуми май ҳазорон нафар муқобили шаҳрдории Неапол таҷаммуъ карданд ва хостори қатъи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои саҳюнистӣ шуданд . Як маъракаи мардумӣ бо шиори « саҳюнистҳо дар Неапол мамнӯъ » ( # саҳюнистҳо_хӯш_ наомаданд ) низ роҳандозӣ шуд . Дар ҳамин ҳол беш аз 5000 барчасб(наклейка)и зиддисаҳюнистӣ дар сатҳи шаҳр тақсим шуд . Маърака ё кампини « 100 дарсад барои ғазза » ҳам дар 100 соъат , 100 ҳазор евро барои кумак ба мардуми Ғазза ҷамъоварӣ кард . Сиёсатҳои таблиғотии Исроил ва муқовимати ҷаҳонӣ Исроил солона 157 миллион доллар барои Хасбара ( таблиғоти саҳюнистӣ ) харҷ мекунад, то ҳар интиқоде аз сиёсатҳояшро « яҳудстезона » ҷилва диҳад ва ин корро бо ҳазорон корманди маошхӯр анҷом медиҳад, ки танҳо маъмурияти онҳо оддисозии наслкушӣ ва поксозии қавмӣ аст . Аммо дар Неапол мардум нишон доданд, метавон мошини прлпагандаи саҳюнистиро шикаст дод . Иқдомоти Неапол ҳамакнун илҳомбахши дигар манотиқи ҷаҳон буда аст , ҳамон тавр ки Молдова ахиран вуруди шаҳрвандони исроилиро мамнӯъ кард.
Паёми Неапол равшан аст : - муқовимат дар баробари нажодпарастии саҳюнистӣ - ҳимоят аз мардуми Фаластин то озодии комил - ифшои пропагандаҳои Исроил
Неапол бо таърихи пурифтихори муборизоташ , имрӯз низ паноҳгоҳе барои адолатхоҳон аст ва нишон медиҳад, ки мардуми оддӣ метавонанд дар баробари қудратҳои ҷаҳонӣ биистанд .
Барчасп